ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АССОТСИАТСИЯИ «HELVETAS»

15

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ санаи (30.06.2026) вохӯрии ҳайати намояндагони раёсат ва факултети геологияи Донишгоҳ бо намояндагони Ассотсиатсияи «HELVETAS»-и Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Донишгоҳ меҳмононро бо вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, ҷараёни фаъолияти факултети геологияи Донишгоҳ баҳри омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳқиқотҳои марбут ба фаъолияти онҳо шинос намуд.

Дар вохӯрӣ мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Шарифзода Н.Ш., сардори бахши кор бо шаҳрвандони хориҷии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Султонзода Ш., декани факултети геология Холзода Б.К. ва дигар устодони факултети геология ширкат доштанд.

Дар вохӯрӣ мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ оид ба муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, нақши Роҳбарони Олии кишварҳо дар рушди низоми иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва илму маориф ва мусоидати пайвастаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. дар тақвияти ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ баён намуд.

Зимнан намояндагони филиали Ассотсиатсияи «HELVETAS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бриндха Картикеян, Анис Аламшоев ва Аминҷон Абдуллоев доир ба муносибатҳои дипломатии кишварҳо ва фаъолияти Ассотсиатсияи «HELVETAS» сухан намуда, баҳри густариши ҳамкориҳо дар самти геология, махсусан дар соҳаи обро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва густариши ташаббусҳои муштарак, аз ҷумла бастани созишномаҳои ҳамкорӣ баҳри ташкили семинару ҳамоишҳои илмӣ, табодули устодону донишҷӯён, роҳандозии марказҳои таҳқиқотӣ ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ изҳор доштанд.