ТАШАККУЛЁБӢ ВА РУШДИ САНОАТИ ИСТИХРОҶИ МАЪДАН

12

Аҳаммияти саноати истихроҷи маъдан муҳим буда он ҳамчун омили асосии рушд дар ҳама бахшҳои иқтисоди миллӣ таъсиррасон шуда метавонад. Саноати истихроҷи маъдан на танҳо намуди фаъолияти иқтисодӣ, балки ҳамчун таъминкунандаи асосии захираҳои ашёи хом барои мавҷудият ва рушди истеҳсолоти дигар соҳаҳои саноат таъсир мерасонад.Омӯзиши таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта ҷиҳати рушди саноати истихроҷи маъдан ҳамчун самти афзалиятдор ва ояндадори истеҳсолоти саноатӣ шинохта мешаванд.

Давлатҳое, ки ба истихроҷи маъдан ва таъминкунандаи ашёи хоми арзон дар ҷаҳони имрӯза мувафақ гаштаанд ва бо он нишондиҳандаҳое, ки онҳо даст ёфтаанд ин рақобатпазирӣ, арзиши аслӣ, бозори фурӯши мувофиқ ва истифодаи технологияи инноватсиони дар ҷараёни истеҳсолот ба ҳисоб мераванд.Аз инҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар асоси заминаҳои ташкили имкониятҳои дастгирии давлатӣ масъалаҳои саноатикунони пайдо гашта ва барои рушди тамоми соҳаҳое, ки ба истихроҷи маъдан вобастааст барномаи ғанигардони дар минтақаҳои кишварамон ташкил дода ба ташаккулёбии иқтисодиёти милли мувофиқи мақсад мебошад.Дастгирии давлатӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизотҳои нав модернизатсиякунонӣ ва истифодаи онҳо дар ҷараёни истеҳсолоти корхонаҳои истихроҷи маъдан ҳама сола дида мешавад.

Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сарвари давлат масъалаи мазкурро зери таваҷҷӯҳи худ қарор додааст ва доимо роҳу воситаҳо ва механизмҳои гуногунро дастгири менамояд, ки то дар омори саноатӣ истихроҷи маъдан аз дигар соҳаҳои саноат зиёд бошад. Ҳангоми таҳқиқотҳо вазъи сохтори омори истихроҷи маъдани давлатҳои рушд карда нишон медиҳад, ки омори саноати истихроҷ дар ҷойи аввал меистад.Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки ин омил дар амал тадбиқ намудани техника ва технологияҳои инноватсионии коркарди конҳои канданиҳои фоиданокро талаб мекунад. Дар ин маврид самаранок истифода бурдани хароҷотҳо барои ҳар як воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамин тавр ба ақидаи мо барои беҳтар намудани идоракунии дурусти корхонаҳои истихроҷи маъдан бояд таҳияи Стратегияи рушди истихроҷи маъдан дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва имконоти ояндадори соҳаро пешгуйи ва баланд бардоштани системаи саноати маъданро дар иқтисоди миллӣ таъмин намудан лозим аст. Банақшагирӣ ва таҳияи Сртатегияи истихроҷи маъдан бо масъалаҳои ташкили истеҳсолот, техника ва технологияи зарури мавқеи ҷойгиршавӣ мувофиқ ва талабот ба намуди маҳсулоти соҳа, ташкили ҷойҳои корӣ, инфрасохтори мувофиқ бахши хусусӣ, соҳибкори инфродӣ таъмини сиёсати иҷтимои таваҷҷӯҳ додан зарур аст.

Омӯзишҳо гузаронидаи мо нишон додаанд, ки саноати истихроҷи маъдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳа калиди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад ва ҳама сола дар таъмини рушди босуботи кишвар саҳми босазо мегузорад. Масалан, соли 2025 беш аз 36 дарсади маҳсулоти умуми соҳаи саноатро ин бахш таъмин карда даромадҳои андозиро низ дар ҳамин сатҳ дар ҷумҳуриӣ таъмин намудааст. Ба андешаи мо саноати истихроҷи маъдан бахши истеҳсолии стратегияи миллии рушд ва барои дар амалия пиёда намудани саноатикунонӣ босуръат тавассути истихроҷ ва коркарди тилло, нуқра, сурбу рӯҳ, ангишт ва масолеҳи сохтмониро дастгири намуда ба рушди инфрасохторӣ минтақаҳо шароитҳои иҷтимоию иқтисодиро фароҳам меоварад.Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои конҳои бузурги канданиҳои фоиданоки аҳаммияти саноати доштаи маъданию ғайримаъданӣ мебошад ва ҷойгиршавии он дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад ва ҳаҷми захираҳои онҳо дар тавозуни давлат гузошта шудааст.

Ворид намудани ин захираҳо ба гардиши истеҳсолот заминаҳои мустаҳками таъминоти ашёи хом ва коркарди маъданҳо дар соҳаи саноат ва такмилдиҳии механизмҳои ташкилию иқтисодии давлатро ташаккул медиҳад.Системаи иқтисоди ҷаҳонӣ кишварҳоро дар заминаи рушди пайвастаи индустриалӣ-инноватсионӣ, ҳамгироии равандҳои саноатикунонӣ ва татбиқи самараноки технологияҳои нав ба ҳам муттаҳид менамояд. Бартарии саноатикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар сатҳи давлат аз баланд гардидани сифат, рақобатпазирӣ ва арзиши маҳсулот, инчунин аз сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ вобастагии зиёд дорад.Имкониятҳои давлат ҷиҳати таъмини рушди устувор ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, гузариш ба шаклҳои пешқадами истеҳсолот ва рушди равандҳои инноватсионӣ алоқаманд мебошанд. Дар ин замина, ҷорӣ намудани технологияҳои нав на танҳо ба такмили ҷараёни истеҳсолот, балки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии корхонаҳои саноатӣ низ таъсири муҳим мерасонад.

Қобили қайд аст, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025 чунин қайд шуд, ки Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат санаи 14.10.2025 ҳангоми суханронии худ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» доир ба нақши калиди доштани соҳаи саноати кӯҳӣ чунин қайд намудаанд, ки «Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои истихроҷ намудани намудани маъдани тилло аз соҳилҳои дарёҳои Тоҷикистон иҷозат дода шуд.

Имрузҳо 50 ҳазор одамон иҷозатнома истихроҷи тиллоро аз дарёҳои Тоҷикистон доранд. Дар ин замина аз 200 то 300 ҳазор ҷойи корӣ дар ин самт ташкил карда мешавад». Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи рушди корхонаҳои саноати кӯҳӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимои давлат ҳисобида мешавад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маҳз саноати истихроҷи маъдан қисми муҳими Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар дар амал тадбиқ намудани ин стратегия, барномаҳо аз манфиати холи нест.Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Барномаи саноатикунонии босурати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва дигар стратегияҳои давлатӣ саноати истихроҷи маъдан бо хусусиятҳо ва механизмҳои гуногуни нақши созгор дошта масъалаҳои воридотивазкунии маҳсулотро ба мамлакат кам карда ба содирот нигаронидани маҳсулотҳои соҳаро ба танзим медарорад.Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди соҳаи саноати истихроҷи маъдан яке аз самтҳои муҳим ва калидии сиёсати иқтисодии давлат ба шумор рафта истодааст.

Истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ ва ташкили истеҳсолоти соҳа аҳаммияти калон дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок буда аз канданиҳои фоиданоки тилло, нуқра, ангишт, сурб, рӯҳ ва дигар намуди онҳо барои ба роҳ мондани ташкили истеҳсолоти соҳа аз манфиат холи нест. Истихроҷ ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок метавонад ба рушди иқтисод таъсири мусбӣ расонад бо зиёд шудани истеҳсоли маҳсулотҳои нави соҳа мусоидат намуда ташкили шароитҳои иҷтимои иқтисодӣ ва инфрасохтори зарурии соҳаи мазкур мувофиқ мебошад.Ояндаи рушди соҳаи саноати кӯҳӣ бо истифодаи самараноки захираҳои табиӣ кишвар сохтмони корхонаҳои нави соҳавӣ, ҷори намудани технологияҳои муосир, тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир алоқаи соҳаи истихроҷ бо ҳифзи муҳити зист, риояи истифодаи самараноки онҳо аҳаммияти муҳим пайдо мекунад. Ҳамин тавр коркарди ашёи хом дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки арзиши маҳсулот зиёд гардида сохтори соҳа баланд бардошта рушди иқтисоди миллиро таъмин менамояд.

Дар шароити муосир дар саноати истихроҷи маъдан технологияҳои нави соҳавӣ истифода карда мешавад, ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли бо мақсади оқилона истифодаи намудани ашёи хоми табии мусоидат менамоянд. Ҳама гуна раванди инноватсионӣ истихроҷ ва коркарди конҳо дар шароити имрӯза ба сарфаи хароҷотҳои гуногун мусоидат карда фаъолияти босамари корхонаҳои соҳаро таъмин менамоянд. Истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар шароити имрӯза яке аз роҳи камхарҷ намудани ҷараёнҳои истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳои истихроҷи маъдан гардида ва идора намудани соҳаро осон мегардад, камбудиҳои ҷойдоштаи сарфаи вақт ва меҳнати ҷисмониро кам менамояд.Яке аз навгонии дигари муосир, ки дар соҳаи мазкур мавриди истифода қарор дорад ин зеҳни сунъӣ дар усулҳои муосири геологӣ барои ҷустуҷӯ ва муайян намудани конҳои канданиҳои фоиданоки нав бо ёрии дастгоҳҳои муосири геофизикӣ ба ҳисоб меравад.

Бартарияти ин навгонӣ дар он аст, ки намудҳои канданиҳои фоиданок, ҳаҷми захира, категория, сифат ва ба тариқи комплексӣ, минтақаҳои ҷойгиршавӣ ва ба истихроҷи саноатиро муайян намуда барои ташкили истеҳсолоти соҳа кумак менамояд.Ба фикри мо рушди соҳаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла фаъолиятҳои истеҳсолии саноати кӯҳӣ, танҳо тавассути дигаргунсозӣ, истифодаи таҷрибаҳои хориҷӣ ва навовариҳои технологӣ имконпазир мегардад. Дар ҳақиқат, ки муҳити иқтисодӣ ва истеҳсолӣ барои ҷалби сармоя ва беҳтар кардани рақобатпазирии маҳсулот шароитҳои лозимаро таъмин менамояд. Ҳамин тавр имкониятҳои мазкур метавонад ба ташкил намудани истеҳсолот, рушди саноати дохилӣ ва таъсири мусбат ба иқтисоди миллӣ оварда расонанд.Хулоса ва пешниҳодҳо. Мусаллам аст, ки саноати истихроҷи маъдан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими стратегии иқтисоди миллӣ буда, дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок мебошад ва истифодаи самараноки онҳо метавонад ба рушди истеҳсолоти саноатӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Таҳқиқи масъалаи зерин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рушди устувори соҳа ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва такмили сиёсати давлатии саноатӣ вобастагии мустақим дорад.Бо дарназардошти ин, бо мақсади рушди минбаъдаи саноати истихроҷи маъдан пешниҳод мегардад:Таҳия ва татбиқи Стратегияи рушди саноати истихроҷи маъдан бо дарназардошти саноатикунонии босуръат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди коркарди ашёи хом дар дохили кишвар.

Ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ барои модернизатсияи техника ва технологияҳои истеҳсолӣ, инчунин ворид намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар равандҳои истихроҷ ва коркарди маъдан.Тақвияти коркарди маҳсулоти маъданӣ дар дохили кишвар ва ташкили занҷираҳои арзиши иловашуда бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ.Омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва риояи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист барои таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии соҳа муҳим арзёбӣ мегардад. Татбиқи омилҳои овардашуда метавонад барои таҳкими саноатикунонии иқтисоди миллӣ, рушди устувори саноати истихроҷи маъдан ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таккони ҷиддӣ бахшад. Зеро ташаккулёбӣ ва рушди саноати истихроҷи маъдан бевосита ба рушди соҳаи воқеии иқтисоди миллӣ ва характери истеҳсолии иқтисоди кишвар равона гардидааст. Фаровонии захираҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳои бузурги рушди соҳа шаҳодат медиҳад. Захираҳои муайяншуда аз ҷониби ниҳодҳои соҳавӣ ҳамчун ашёи хоми стратегӣ ба тавозуни давлатии захираҳои табиӣ ворид гардида, барои рушди истеҳсолоти саноатӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Бояд гуфт, ки иқтисодиёти воқеии кишвар ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати маъдан ниёзи ҷиддӣ дорад. Дар шароити татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат рушди соҳаи истихроҷи маъдан метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот, рушди инфрасохтор ва баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, бо тақозои вақту замон коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои ташаккули иқтисоди индустриалӣ-инноватсионӣ ва таъмини истиқлолияти саноатии мамлакат аҳаммияти муҳим дорад.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025. Душанбе: «Шарқи озод», 2025.-48 с.Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025. аз 27 майи соли 2020, №293. 65 с.Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2025. – 89 с.

Асадуллоев, К. Р. Аҳамияти иқтисодии конҳои тиллои пошхӯрда (дар мисоли вилояти Хатлон) / К. Р. Асадуллоев, Б. К. Холов, М. Ю. Ниезшоев // Гидроэнергетические ресурсы Центральной Азии: значение, проблемы и перспекитивы : Материалы международной научно-практической конференции на тему «Гидроэнергетические ресурсы центральной азии: значение, проблемы и перспекитивы») посвящется международному десятилетию действий «вода для устойчивого развития» 2018-2028 годы, «Году развития туризма и народных ремесел», «140-ой годовщине со дня рождения героя Таджикистана Садриддин Айни» и «70-ой годовщине со дня создания Таджикского национального Университета», Душанбе, 28 мая 2018 года. – Душанбе: Таджикский национальный университет, 2018. – С. 286-292.

Комилов С.Дж. Теория инновационного развития / С.Дж. Комилов. Монография. – Душанбе: «Шарки озод», 2019. – 278 с.Муртазоев, О. Қ. Асосҳои назариявии ташкили корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон / О. Қ. Муртазоев // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – 2021. – No. 4-2(39). – P. 306-311.

Холзода, Б. К. Рақобатпазирии корхонаҳои истихроҷи маъдан дар низоми рушди инноватсионӣ / Б. К. Холзода // Иқтисодиёти Тоҷикистон. – 2025. – No. 3. – P. 204-211.Хоналиев Н. Принципы, факторы и условия размещения национальной промышленности Таджикистана/Иқтисодиёти Тоҷикистон// Экономика Таджикистана. 2021. №2. С.-165-172.

Холзода Б.К. – н.и.и., дотсент, декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.