Санаи 16.06.2026 муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University профессор, Сафармамадзода С.М. ва сардори раёсати инноватсия Раҷабзода Т. ба факултет ташриф оварданд.
Ҳадаф аз ташриф шиносоӣ бо масъалаҳои омоданамои кадрҳои илми, иҷроиши нақша чорабиниҳои барномаи мақсадноки давлати, баргузории конференсия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон ва баррасии иҷрои нақшаҳои илмӣ, таҳлили корҳои тадқиқотӣ ва муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба рушди илм дар факултет буд.
Дар вохӯри бо муовини ректор аъзоёни садорати факултет ва мудирони кафедраҳо, иштирок намуданд. Муовини ректор ба як қатор дастовардҳои факултет баҳои мусбат дода, ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ, зиёд намудани мақолаҳои илмӣ, ҷалби магистрон ва докторантони Phd тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти факултет омодагии худро барои иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда изҳор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмӣ чораҳои заруриро меандешанд.










