Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ аз арзишҳои волои маънавию сиёсие мебошанд, ки сарнавишти ҳар як миллат ва давлатро муайян месозанд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар миллате, ки дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намуда, манфиатҳои миллиро аз ҳама болотар мегузорад, ба пешрафту шукуфоӣ ноил мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандонаш ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ба даст овардани истиқлолият ба миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи рушди мустақилонаи худро интихоб намуда, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии худро эҳё намояд. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои давлат ва миллат давраи бисёр мушкил ва пуртазод буд. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти ҷонӣ, харобшавии иқтисодиёт ва коҳиши сатҳи зиндагии мардум гардиданд. Дар чунин шароити вазнин масъалаи ҳифзи давлатдорӣ ва нигоҳ доштани ягонагии миллат аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кард.
Хушбахтона, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи тоҷик ва иродаи қавии шаҳрвандон сулҳу оштӣ барқарор гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои Тоҷикистон саҳифаи нави таърихиро оғоз намуд. Аз ҳамон рӯз сар карда, Ваҳдати миллӣ ба яке аз рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон табдил ёфт. Ин рӯйдоди таърихӣ барои рушди устувори кишвар, таҳкими суботи сиёсӣ ва беҳбудии зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.
Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.
Шуълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.
Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.
Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги миллат эътироф шудааст. Маҳз дар шароити сулҳу субот Тоҷикистон тавонист дар соҳаҳои гуногун ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Сохтмони иншооти муҳими стратегӣ, роҳҳои байналмилалӣ, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва марказҳои фарҳангӣ натиҷаи сиёсати созанда ва фазои ороми ҷомеа мебошанд.
Дар баробари ин, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ сол аз сол боло рафта, ташаббусҳои он дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мегарданд.Дар баробари ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ низ нақши муҳим дорад. Ватандӯстӣ маънои танҳо дӯст доштани Ватанро надорад, балки масъулияти шаҳрвандиро дар назди давлат ва ҷомеа ифода мекунад. Шахси ватандӯст ба таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллии худ эҳтиром мегузорад, барои пешрафти кишвар саҳм мегузорад ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ фаъолона иштирок менамояд.
Меҳнати софдилона, таҳсили босифат, риояи қонунҳо, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии диёр аз зуҳуроти асосии ватандӯстӣ ба ҳисоб мераванд.Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ҷараён доранд, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти бештар касб намудааст. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо бо таърихи пурифтихори миллат, мероси фарҳангии аҷдодон ва арзишҳои миллӣ хуб ошно бошанд. Танҳо ҷавонони худшиносу донишманд метавонанд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешрафти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Имрӯз таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла экстремизм, терроризм, ифротгароӣ ва паҳншавии ақидаҳои бегона ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтаанд. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз таъсири чунин омилҳои манфӣ худро эмин нигоҳ дорад. Баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба ояндаи кишвар воситаи муҳими муқовимат ба чунин таҳдидҳо мебошад.
Ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Агар ваҳдат ягонагии мардумро таъмин намояд, ватандӯстӣ ҳар як шахсро водор месозад, ки барои ҳифзи ин ягонагӣ ва пешрафти давлат саҳм гузорад. Маҳз ҳамин ду арзиш дар солҳои душвори таърихӣ миллати тоҷикро муттаҳид намуда, барои бунёди ҷомеаи орому пешрафта мусоидат карданд.Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ аз муҳимтарин омилҳои пойдории давлат ва рушди ҷомеа ба шумор мераванд. Т
о замоне ки мардум дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд ва ба Ватани худ содиқ мемонанд, давлат рушд намуда, обрӯ ва мақоми он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад гардид.
Бигзор ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша раҳнамои зиндагии мардуми Тоҷикистон бошад ва барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо боқӣ монад.
НИЁЗОВ О.Ҳ., муовини декан оид ба илм ва инноватсяи факултети геологияи ДМТ








