МОДАР – ХУРШЕДИ ОЛАМ

161

Дар ҷаҳон, модар, маро монанди ту ғамхор нест,
        Меҳрубон, мӯнис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест…

Модар – зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. 

Зан-модар шахси муқаддас аст ва аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастӣ нур меборад, ки ин нур роҳи ояндаи ҳаёт аст. Ӯ офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама қимматтарин ва азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар аст.

Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занонро қадр карда нисбат ба фаъолияти зан-модар назари нек доранд, андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд.

Дар ҳақиқат зан оинаи оила ва давлат аст ва қалби пурэҳсоси ӯ саршори меҳру вафост. Худшиносии миллӣ, маърифати баланд, меҳнатдустӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодфикрӣ калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо мебошад.

Таърихи инсоният исбот менамояд, ки занони бо иродаву дурандеш, хирадманду закӣ, донишманду боистеъдод метавонад, ки зиндагии худу атрофиёнашонро мунаввар созанд. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созанда ва зиндагии шоиставу солим дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист.

Муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, ин бунёди оила мебошад. Боиси хушнудист, ки дар соли «Маърифати ҳуқуқӣ» дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати ҳуқуқии занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Зани маърифатнок метавонад ба заковату ҳушмандӣ, ҷомеаро тарбия намоянд. Занон дар ҷомеаи Точикистон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳимро доранд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ ин хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки зан худаш соҳиби маълумот ва соҳибмаърифат аст, фарзандони он ҳам бомаърифат мешаванд. Хислатҳои неки модарро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модар пайравӣ мекунанд.

Қобили қайд аст, ки маҳз ҳамин таҷрибаҳо сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки саҳми зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.

 Дар давраи пеш аз соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз ягон самти фаъолияти сохторҳои давлатиро бидуни иштироки фаъолонаи занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳатто дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилона кору фаъолият намуда истодаанд. 

         Хушбахтона, бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир мардум ба ин масъала аз нигоҳи тоза менигаранд. Дар даврони пеш аз соҳибистиқлолии кишвар шумораи занҳои хонашин ва духтарон дар ноҳияҳои дурдаст аз таҳсил дурмонда буданд, зеро имкони аз хона баромадан ё дар ягон кори давлатӣ кор карданро надоштанд. Имрӯз вақте расидааст, ки тарбияи занони бомаърифатро қабл аз ҳама бояд дар оила ва мактаб назар намоем, чунки ин ду ниҳод метавонад дар алоқамандӣ ояндаи ҷомеаро мунаввар созад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола тавассути квотаи президентӣ садҳо нафар духтарони  хатмкардаҳои мактабҳои деҳот дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз таҳсил ба ноҳияҳои худ сафарбар карда мешаванд ва аз кӯмаку дастгирӣ, ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Ѓамхорӣ ба зан ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз занони соҳибмаърифат вобаста аст.  Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият ва нерӯи бузург ҷомеаи имрӯзаро роҳнамоӣ карда метавонад.

Модар офаридгор, идомадиҳандаи насли инсон аст. Ӯ сарчашмаи меҳру вафо, зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, олиҳаест, ки оташи хонадон аз гармии меҳру муҳаббати зан сарчашма мегирад. Бузургони олам низ дар назди бузургии зан- модар сари таъзим фуруд оварда, таъкид намудаанд, ки зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад.

         Мақсади асосии мо имрӯз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ, татбиқи конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини рушди устувори давлат мебошад.

 Рӯзи байналхалқии бонувон  ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад. Ин ид дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, балки эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст.

Бинобарин дар ин лаҳзаҳои пуршараф кулли модарону хоҳарон ва бонувони азизро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон тани сиҳат ва  беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорем. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хонадони ҳар яки шумо ҳамеша шукуфон бошад!

Дар баҳорон иди модар мешавад,
  Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
  Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
  Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.

Ба роҳбарияти Донишгоҳ бинобар қадрдонӣ намудани занону  бонувон сипосгузории худамонро баён менамоем.

  Кормандони факултети геология,  Ҷалолова М.К. ва Шодибекова М.Ш.