Аз тарафи Шурои Ҷамъиятии минерологии Россия барои эҳтироми баланди олимони соҳаи геологияи Тоҷикистон ба доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, “Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳасанов Абдураҳим Ҳасанович минерали нав бо номи “ҲАСАНАВИТ” ва номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Искандаров Фарух Шейхович минерали нав бо номи “ИСКАНДАРОВИТ” бо қарори комиссия оид ба қашф намудани минералҳои нав ба устодони факултети геология ДИПЛОМ дода шуд. Аз ин рӯ, САДОРАТ, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети геологияи ДМТ устодонро табрику таҳният намуда, барояшон дар корҳои минбаъда бурдбориҳои беназирро хоҳонанд.
Домой Ахбор