ВОХУРИИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ

232

Имрӯз (03.05.2023) дар Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохурии навбатии кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ палковники милитсия Ҷуразода Абдувоҳид ва палковники милитсия Аслиддинзода Баҳром бо донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Сараввал декани факултет дотсент, Андамов Р.Ш. меҳмононро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмонон барои ташриф оварданашон аз номи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University изҳори сипос намуданд.Дар вохури қайд карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспўшии ба фарҳанги мо бегона истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимои интернети ва мақсаднок истифодара бурдани телефонҳои мобилӣ. Дар анҷоми вохури аз тарафи командани ҳифзи ҳуқуқ ёдовари аз шароитҳои фароҳамовардаи имрӯзаи давлату ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар паёмҳои хеш нақши ҷавононро дар сиёсати давлатӣ баҳогузорӣ намудаанд. Аз ҷумла, дар яке аз Паёмҳои худ вобаста ба масъалаи ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунин таъкид карда буданд: “Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда истодааст. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад гуфта шуд.

Возможно, это изображение 9 человек и люди учатся

Возможно, это изображение 5 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 1 человек
Возможно, это изображение 2 человека и люди учатся
Возможно, это изображение 9 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 3 человека и люди учатся
Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся, больница и текст
Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текст