Ҳайати бисёрҳазорнавараи Донишгоҳи миллӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонию хуррамгардонӣ ва ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти азизамон ҳамарӯза саъю кӯшиш менамоянд, то дар ободонию хуррамгардонии Ватани биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.
Имрӯз таҳти унвони «Тозагӣ дар муассиса» аксияи умумиҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки дар аксияи мазкур ҳайати устодону кормандон ва масъулини сохторҳои марбутаи Донишгошҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Аксияи мазкур ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти мамлакат ва омода намудани муассиса ба соли нави хониш роҳандозӣ гардид.
Дар шанбегии мазкур ҳайати устодону кормандон ва омӯзгорон Донишгоҳ иштирок намуда, саҳми босазои худро дар ободонӣ ва таъмини зебогии як гӯшаи пойтахти кишвар – Донишгоҳи миллӣ гузоштанд.
Зимни шанбегӣ иштирокчиён саҳни биноҳо ва кӯчаву гулгаштҳои атрофи Донишгоҳ, инчунин, ҷӯйборҳою майдончаҳои назди биноҳоро аз партовҳо тоза намуда, инчунин, гирди дарахтони сояафкани ҳамешасабзро нарму мулоим ва тозаю озода карданд.
Ҳамчунин, масъулин саҳни биноҳои таълимию хобгоҳро аз алафҳои бегона, майсазорҳо ва партовҳои маишӣ тоза намуда, гулгаштҳо, гулҳои мавсимӣ, ки фазои атрофро зебову хотири бинандаро болида мегардонад, пок намуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар робита ба ин тибқи дастури ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. пайваста шанбегиҳо ва корҳои ободию созандагӣ анҷом дода мешаванд.