Санаи 21.11.2025 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (масъул дотсент, Фозилов Ҷ.Н.) чорабинӣ баргузор гардид. Инчунин дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд. Сараввал декани факултет Холзода Б.К. сухани ифтитоҳии худро оғоз намуд.
Ў қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳон чунин вохўриҳо барои ҳушёр намудани хусусан ҷавонону донишҷуён ва дар онҳо бедор кардани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ ва муборизаи беамон бурдан бо экстремизму терроризм бениҳоят зарур аст. Ва масъули ин чорабинӣ дотсент Фозилов Ҷ.Н. оид ба “Терроризм ва экстремизм -таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи муосир” фикру андешаҳои худро изҳор менамояд.Устод Фозилов Ҷ.Н. қайд намуд, ки ин вохурӣ бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин падидаи номатлуб, ҳамчунин тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва муҳассилинро доир ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зиддии терроризм” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” равона карда шудааст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои байналмилалӣ қайд намудааст, ки экстремизм ва терроризм – таҳдиди бузург баҳри суббот ва амнияти минтақавӣ мебошад ва ҳал кардани он ҳамкории байналмилалӣ аст.Дар асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки хусусияти фаромиллӣ ва ғайримуқаррарӣ доранд. Аз ҷумла, терроризм ва экстремизм ҳамчун яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоию сиёсӣ шинохта мешаванд. Онҳо на танҳо ба амнияти миллию байналмилалӣ, балки ба арзишҳои инсонӣ, ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири харобиовар мерасонанд. Хатарнокии ин падидаҳо дар он аст, ки онҳо бо истифода аз зӯроварӣ ва тарсофарӣ боиси заиф гаштани пояҳои давлатдорӣ, фарҳанг ва ҳамзистии осоишта мегарданд.Хусусиятҳои асосии терроризм ин истифодаи зӯроварӣ ва амалҳои бераҳмона мебошад. Террористон таркиш, қатл, гаравгонгирӣ ва дигар амалҳои хатарнокро истифода мебаранд. Ҳадафи асосӣ – тарсофарӣ на танҳо ба қурбониҳои бевосита, балки ба ҷомеаи васеъ таъсири равонӣ мерасонанд. Террористон мехоҳанд тавассути тарс ба қарорҳои сиёсӣ таъсир расонанд ё идеологияи худро таблиғ кунанд. Гарчанде терроризм ва экстремизм мафҳумҳои наздик буда, аксар вақт бо ҳам алоқаманданд, вале онҳо аз ҷиҳати моҳият, шакли ифода ва ҳадафҳо фарқиятҳои муҳим доранд.
Хулоса моҳияти терроризм дар истифодаи зӯроварӣ ва тарсофарӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё идеологӣ аст. Моҳияти экстремизм бошад, дар таблиғи андешаҳои ифротӣ ва рад кардани меъёрҳои ҷомеа ифода меёбад. Ин ду падида бо ҳам робитаи зич доранд ва экстремизм аксаран ба терроризм мубаддал мешавад. Терроризм ва экстремизм танҳо як раванди ҷиноятӣ нестанд – инҳо падидаҳои мураккабу хавфнок мебошанд, ки метавонанд субботи ҷомеа, амнияти шаҳрвандон, иқтисод, фарҳанг ва ояндаи давлатро зери хатар гузоранд. Барои ҳифзи сулҳу вањдат, зиндагии осоишта ва пешрафти ҷомеа мубориза бо ин зуҳурот вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Танҳо дар ҳолати огоҳӣ, ҳамдастӣ ва масъулияти умумӣ метавон ин хатарҳоро безарар гардонд.










