Аз санаи 09 июн то 15 июни соли 2025 донишҷӯёни курси 2-юми факултетигеология ҷиҳати иҷрои таҷрибаомӯзии таълимӣ аз фанни «Геологияи сохторӣ ва харитакашии геологӣ» ба пойгоҳи таҷрибаомӯзии таълимии ДМТ, воқеъ дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб, сафарбар гардиданд.
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён вобаста ба минтақаҳои муайян ба гурӯҳҳои корӣ (отрядҳо) тақсим шуда, корҳои амалӣ ва омӯзишии худро таҳти роҳбарии омӯзгорон ва мутахассисон гузарониданд. Машғулиятҳо асосан аз омӯзиши сохторҳои геологӣ, тарзи коркарди харитаҳои геологӣ ва мушоҳидаҳои саҳроӣ иборат буданд.
Ин таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён имконият фароҳам овард, то донишҳои назариявии худро дар шароити воқеии саҳро татбиқ намоянд ва малакаҳои касбии хешро таҳким бахшанд.