Имрӯз (29.10.2024) тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024» 30 декабри соли 2023, № 668, ки ба имзо расидааст дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар кори семинар устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобозода Умед ва Иброҳимзода Шамсиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал муовини декан оид ба илм ва инновтсияи факултет дотсент, Ниёзов О.Ҳ. устодонро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмонон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.
Аз ҷониби баромадкунандагон дир ба таърихи Конститутсия ва нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хуқуқӣ, тарбияи ҷавонон, асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ба таври васеъ маълумот дода шуд.
Кайд гардид, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мо бояд дар дарсҳо ва вохӯриҳои худ маърифати ҳуқуқии шогирдонро ҳаматарафа баланд бардорем.
Танҳо дониши хуб ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад пеши роҳи паҳншавии радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Инчунин, баҳри боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо заминаи хуберо фароҳам меорад ва чи тавре Пешвои миллат қайд карданд, “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Дар семинари илмӣ-назарявӣ устодон ва донишҷӯёни факултети геологияи ДМТ фаъолона иштирок намуданд.