СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

44

Рӯзи (18.03.2024) дар факултет вобаста ба “Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо семинари илмӣ баргузор гардид. Дар семинар мазкур и.в. мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ н.и.г.-м., дотсент Давлатов Ф.С. дар мавзуи “Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлими саёра” маъруза намуд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар таърихи 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок намуда оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд ва пешниҳод намуданд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад. Дар ин робита Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки Фонди махсуси байналмилалии оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар доираи ин ташаббусҳо вобаста ба масъалаи обу иқлим хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони кардани соли ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 СММ қабули қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард:- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.Хулоса раванди тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорати сайёра мушкилотҳои навро дар замони имрӯза эҷод менамояд. Маълум аст, ки дар ин гуна шароит ва раванди тағйирёбии иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар осебпазир аст. Кишварҳои аз нарасидани оби ошомидани танқиси кашида истода бештар ин масъаларо дарк намуда дастгирӣ менамоянд.Дар семинари мазкур устодони факултет иштирок намуданд.

Возможно, это изображение 1 человек, учится и текст
Возможно, это изображение 10 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 12 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 11 человек и люди учатся