РУШДИ СОҲАИ ГИДРОГЕОЛОГИЯ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРД, АҲАМИЯТ ВА ДУРНАМО

11

Дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим соҳаи гидрогеология низ яке аз соҳаҳое ба ҳисоб меравад, ки таъмини нуқтаҳои аҳолинишини минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дастраси надоштани онҳоро бо оби ошомидании тозаи зеризаминӣ таъмин менамояд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ соҳаи гидрогеология ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра марҳила ба марҳила системаи обу коррези ш. Душанбе ва шаҳру деҳотҳои кишвар сифатан хуб гардида минтақаҳои аҳолинишин бо оби ошомидани тибқи барномаҳои давлатӣ ва рушди шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуда истодаанд. Воқеан ҳам обҳои зеризаминӣ нисбат ба обҳои рӯизаминӣ тақрибан дар ҳама ҷо паҳн гардидаанд, ки афзалияти хоси худро доранд: аз ҷумла, дорои сифати олӣ, ифлосгардияшон нисбат ба хатари радиоактивӣ, химиявӣ ва микробӣ камтар ба назар мерасанд.

Ба ин хотир истифодаи онҳо пеш аз ҳама бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ ва хоҷагӣ раво дониста мешавад. Ҳиссаи таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз ҳисоби захираҳои обҳои зеризаминӣ беш аз 50%-ро ташкил медиҳад.Истифодаи сарфакоронаи ин муъҷизаи табиат барои истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати истифодабарии маҷмуи захираҳои об, шинохти об ҳамчун манфиати иқтисодӣ, ба амал овардан ва таҳияи механизми самараноки пешгирии камшавии захираҳои обӣ, ҳалли мушкилот ва ба давлатҳои минтақа муаррифии ин захираҳо айни замон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Об сарвати бебаҳои табиат маҳсуб меёбад, ки он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон чунин баҳогузорӣ карда шудааст: “Об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самарабахш ва муҳофизати онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои об бо мақсади таъмини истифодаи оқилона, об барои эҳтиёҷоти аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт ва муҳити атроф, муҳофизати об аз ифлосшавию олудагиҳо, пешгирӣ ва барҳамдиҳии таъсири зиёнбор ба об, беҳтар кардани ҳолат ва ҳифзи объектҳои об, таҳкими қонуният ва муҳофизати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои об ба расмият дароварда ва тибқи қонунҳои амлакунанда онро ба роҳ мондаанд. Дар шароити имрӯза вобаста ба омода намудани мутахасисони соҳаи гидрогеология заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар воқеъ гидрогеолог мутахассисест, ки захираи обҳои зеризаминӣ, ҳолат, тақсимот, пайдоиш, ҳаракат, таркиби обҳои зеризаминӣ, харитаи обҳои зеризаминӣ бо манбаъҳо, хосиятҳои физикӣ ва химиявии обҳои зеризаминӣ, ҳаҷм ва иқтидори истифодаи онҳо, мониторинги доимии таѓйироти сатҳи обҳои зеризаминро дар фаслҳои гуногун, ки барои пешгўӣ ва пешгирии хушксолӣ, шароити гидрогеологии ноҳияҳои гуногун, ки миқдор ва сифати обҳои зеризаминӣ, инчунин имконияти истифода бурдани онро барои эҳтиёҷоти инсон ва саноат муайян карда баҳогузорӣ менамояд.

Ин касб дар соҳаи геология яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта нозукиҳои ба худ хосро доро мебошад. Барои мутахасиси гидрогеолог шудан малака ва дониши махсусро талаб мекунад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки гидрогеолог як қатор вазифаҳои муҳимеро баҳри омӯхтан ва идора кардани обҳои зеризаминӣ алоқаманд, иҷро мекунад, аз ҷумла: тадқиқот ва харитасозии захираҳои обҳои зеризаминӣ, баҳодиҳии сифат ва миқдори обҳои зеризаминӣ, мониторинги сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ғайра.Вобаста ба ин дар замони истиқлолияти давлатӣ корҳои гидрогеологӣ вусъати тозаро пайдо намуда, корҳо дар самти аксбардории гидрогеологӣ, инчунин таҳқиқи хусусиятҳои обсофкунию паҳншавии ҷинсҳо, ғафсии ҷинсҳои обнигаҳдору обногузар, қувваи фишор, хелу сифат ва реҷаи обҳои зеризаминиро дар бар мегирад, гузаронида шудааст, ки ба инҳо омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, пешбури кадастри давлатии обҳои зеризаминӣ, омӯзиши низом ва ченкунии сатҳи онҳо, гидрологӣ ва иқлимӣ дохил шуда ба манбаъ ва пайдоиши обҳои зеризаминӣ таъсир мерасонанд, муайян карда шудааст.

Вазифаҳои аксбардории гидрогеологӣ вобаста ба масштаб ва таъиноти он тағйир меёбанд.Аксбардории гидрогеологии масштабаш хурд (1:1000 000 —1:500000) дар ноҳияҳои аз ҷиҳати гидрогеологӣ кам омӯхташуда бо мақсади тартиб додани харитаҳои умумии гидрогеологӣ, муайян кардани хосияти обнигаҳдории ҷинсҳо ва сифати обҳои зеризаминӣ гузаронида мешавад.Аксбардории гидрогеологии масштабаш миёна (1:200 000 — 1:100000) харитаҳои гидрогеологии комплекс, го¬ризонт ва ё зонаҳои обдоштаро тартиб медиҳанд, хосияти обнигаҳдории ҷинсҳо, сифат ва реҷаи обҳои зеризаминӣ, инчунин ҳодисаҳои геологиеро, ки бо фаъолияти обҳои рӯизаминию зеризаминӣ алоқаманданд, меомӯзанд. Дар натиҷаи аксбардории гидрогеологӣ, қабат ва линзаҳое, ки об доранд, тартиб дода мешаванд.Аксбардориҳои масштабашон миёна ва калон корҳои пармакунӣ, мушоҳидаи сатҳу таркиби химиявии обҳои зеризаминӣ ва ченкунии дебити чашмаҳо низ дохил мешавад, ки дар он усулҳои геофизикӣ, мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва маълумоти аэрофотосуратҳо истифода бурда мешаванд. Аксбардории масштабаш калон (1: 50000 ва калонтар)-ро барои ҳалли вазифаҳои махсуси давраи лоиҳакашии техникӣ ва амалӣ (интихоби қитъаҳои обҷамъшавӣ, ҷустуҷӯи захираи обҳои зеризаминӣ, тадқиқи оби конҳо ва ғайра) мегузаронанд. Мавриди зикр аст, ки барои омода намудани мутахасисон дар сохтори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ озмоишгоҳи замонавӣ муҷҷаҳаз бо асбобу таҷҳизотҳои таълимии самти гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология ташкил карда шуд.

Озмоишгоҳи мазкур бо асбобу таҷҳизотҳо барои анҷом додани корҳои озмоишгоҳӣ ва саҳроӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Вобаста ба самти фаъолияти озмоишгоҳ 10 адад микроскопҳои бинокулярӣ ва поляризатсионӣ, тафдонҳои хушккунии грунтҳо аз тарафи Раёсати Донишгоҳ харидорӣ карда шудааст, ки минбаъд донишҷӯёну магистрон ва докторантони PhD-и ихтисосҳои кафедра корҳои илмию таҳқиқотии худро анҷом медиҳанд. Дар озмоишгоҳи мазкур иҷрои корҳои озмоишии муҳандисӣ-геологӣ, ки раванди истеҳсолӣ ва илмӣ дорад, мавқеи махсусро ишғол мекунад. Барои муайян намудани ҳолати гидрогеологӣ ва геологияи муҳандисӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарии иншооти гуногун, инчунин татбиқи чорабиниҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи муҳити атроф, аз ҷумла муҳити геологӣ истифода мешаванд омӯзонида мешавад.Хулоса: Корҳои озмоишгоҳӣ анҷом додани таҳлилҳоро дар бар мегиранд. Мувофиқ ба ин дар озмоишгоҳи мазкур тибқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ташхиси химиявӣ, микробиологӣ ва бактерологии об вобаста ба намунаҳои манбаъҳои обҳои зеризаминии гирифташуда анҷом дода мешавад. Ба ин мақсад озмоишгоҳ пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Омӯзиши таркиби кимиёӣ, хусусияти хос ва ҳарорати обҳои зеризаминӣ, бузургиҳои дигари марбут ба захираҳои обҳои зерзаминӣ мувофиқи меъёрҳои давлатӣ гузаронида шуда, хулоса дода мешаванд.Асбобу таҷҳизоти муҷаҳҳазгардида ҷавобгӯ ба талаботи нақшаи таълимӣ буда, устодону донишҷуён ҳангоми дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо истифода аз онҳо раванди корҳои истеҳсолиро метавонанд дар шароити озмоишгоҳ анҷом диҳанд. Ин амал заминаи минбаъда барои таҷрибаомӯзии таълимӣ дар иҷрои корҳои саҳроӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гардида, дар баланд бардоштани савияи касбии онҳо таъсиррасон мебошад.

Барои омода намудани мутахассисони соҳаи гидрогеология кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ягона муассисае ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола бисёре аз донишҷӯён ин ихтисосро хатм намуда дар самтҳои гуногуни соҳаи геология фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондаанд ва дар пешрафту гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.

Возможно, это изображение 1 человек
Декани факултети геология, н.и.г.-м,
дотсент Андамиён Р.Ш.
Возможно, это изображение 1 человек
Мудири кафедраи гидрогеология
ва геологияи муҳандисӣ, н.и.г.-м,
дотсент Давлатзода Ф. С.
Возможно, это изображение 1 человек
Дотсенти кафедраи гидрогеология
ва геологияи муҳандисӣ, н.и.т,
дотсент Ғайратов М.Т.