НАТИҶАГИРИ АЗ КОРҲОИ ИЛМИИ ТАҲКИКОТИИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГИДРОГЕОЛОГИЯ ВА ГЕОЛОГИЯ МУҲАНДИСӢ

102

Рӯзи (03.11.23) дар факултет бо иштироки муовини деканд оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. ҷаласаи навбатии кафедраи гидрогеология ва геология муҳандисӣ доир ба натиҷагирӣ ва муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмии таҳкикотии устодони кафедраи болозикр баргузор гардид. Сипас аз ҷониби иҷрокунандаи мудири кафедра, дотсент Давлатов Ф.С. қайд карда шуд, ки дар кафедра 10 нафар устодон дар КИТ иштирок мекунанд, аз ҷумла: доктори илм -2 нафар, номзадони илм -7 нафар, муаллимони калон 1 (миқдори унвондорон 90%). Дар соли ҳисоботи аз ҷониби устодони кафедраи гидрогеология ва геология муҳандисӣ, 44- корҳои илмию методӣ, аз ҷумла: 40 мақолаи илмӣ, 1 фишурда, 3 китоби дарсӣ (омодаи чоп) ва маърузаҳою мақолаҳо дар конференсияҳо, баромадҳо дар шабакаҳои телевезионии кишвар, маҷала ва рӯзномаҳои касбию даврӣ, саҳифаи расмии ФЕЙСБУКИ донишгоҳ ва факултет гузошта шуда аз чоп баромаданд.Дар ҷаласа унвонҷӯёни кафедра ҳисоботи солонаи корҳои анҷомдодашудаашонро муфассал пешниҳод намуданд ва қайд карда шуд, ки унвонҷӯи соли чорум Шарипова М.И. айни замон рисолаи намзадиашро омода намуда барои ҳимояи пешаки тайёри дида истодааст. Дар анҷом муовини деканд оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. фаъолияти солонаи КИТ кафедраро қаноатманд шуморида баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Возможно, это изображение 4 человека
Возможно, это изображение 8 человек и текст
Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 6 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 8 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текст