МУБОРИЗА ВА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

203

13.12.2023 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии  устодон ва донишҷӯён бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрутдинзода Қ.Ш., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия -муовини раёсати муқовимат бо коррупсия ва Муминзода Н.И., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. меҳмононро хайрамақдам гуфта, суханро ба меҳмонон пешниҳод намуданд.  

Аз ҷониби меҳмонон кайд карда шуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Мубориза ва муқовимат бо коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ донишҷӯён бо саволҳои худ ба намояндаи Агентӣ муроҷиат намуданд ва аз ҷониби масъулин ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Возможно, это изображение 4 человека и люди учатся
Возможно, это изображение 8 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 4 человека
Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 13 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 9 человек и люди учатся