МАҲФИЛИ ИЛМИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

201

Рӯзи (17.05.2023) дар Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмию тарбиявӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” бо иштироки раиси Шурои сарпарастони ДМТ Ашуров Илҳом., муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳои ТАЪРИХ, ФИЗИКА ва БИОЛОГИЯ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курсҳои якуми факултет иштирок намуданд. Сараввал муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Сафаров Лоиқ Ҷалолович меҳмононро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмонон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.Баромадкунандагон иброз намуданд, ки бо ташаббуси Роҳбарияти донишгоҳ аз оғози моҳи май то ба имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чарабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, донишгоҳи ва факултети баргузор шуда истодааст.Сипас муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети таърих номзади илмҳои таърих, Шарофиддинов Суҳроб ба сухан баромада қайд намудқи яке аз тасмимҳои муҳиме, ки дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсии ҷавонон нақши бориз дошт, ин аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” буд. Дар ин сол ҷавонон дар баробари дигар соҳаҳо, ба ҳаёти сиёсии давлат ҷалб гардиданд.Ҳамчунин қайд карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд. Имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.Дар охир байни донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоби озод сурат гирифт.

Возможно, это изображение 7 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 8 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 1 человек
Возможно, это изображение 9 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 10 человек и люди учатся