ИЛМИ ГЕОЛОГИЯ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

86

Имрӯз (24.05.2024) дар пояи кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои муосир ва масоили мавҷуда дар илми геология (илмҳои заминшиносӣ)», бахшида ба “Солҳои 2020-2040 эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки дар шароити муосир илми геология ва масъалаҳои равандҳои геологияи муҳандисӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта ҳалли ин масъалаҳо саривақти арзёбӣ карда мешавад. Дар замони муосир дар бештари давлатҳои рушдкарда таваҷҷуҳи мутахассисонро ба инкишофи илмҳои геология ва равандҳои ба геология тааллуқдошта ҷалб сохта, тамоми доираи васеи рушди иқтисодиёти кишварро бе соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар идомаи конференсия декани факултети геология, н.и.г.-м., дотсент Андамов Р.Ш. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки воқеан ҳам геология соҳаи асосии ғанигардонии буҷет аз ҳисоби коркарди конҳои канданиҳои фоиданок буда, инчунин паҳлуҳои муосири масъалаҳои геологии замони нав дар конфренсияи мазкур ба роҳ монда шудааст. Зимнан тазаккур дод, ки омӯзиши равандҳои геологияи муҳандисӣ аз ҷумла сел, ярч, заминҷунбиҳо, фаромадани тармаҳо, боришоти аз меъёр зиёди мавсимӣ, тағйирёбии иқлим ва ғайра имкониятҳои васеъро барои дарки алоқамандии олимони соҳа ба миён гузошт, ошкор менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи конфренсия меҳмонону мутахассисон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илмҳои дақиқ маърӯза намуданд.