ИДОМАИ СОЗАНДАГИҲО ДАР РОҲИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР АЗ ПАЁМИ ИМСОЛАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

391

Пешрафту пирӯзӣ, муваффақият ва ҷаҳоншумулии ҳама кишварҳои пешрафтаи дунёро соҳаи саноати пешрафтаву иқтисодиёти қавӣ ташкил менамояд. Аз инҷост, ки фармонравоёни бозори ҷаҳониро кишварҳои аз ҷиҳати саноату истеҳсолӣ ва маъорифи дунявӣ пешқадам идора менамоянд.Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ягон соҳаи хоҷагии халқи мамлакат аз мадди назар дур намонда, дар ҳама самтҳо таҳлилҳои дақиқ пешниҳод карда шуданд.Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.Пешвои миллат қайд намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш додаанд, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.Ҳамчунин дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад.Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.Инчунин, бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон сохта, соли 2023 ба кор андохта шавад.Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот вазифадор шудаанд, ки якҷо бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳа дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.Аз ин рӯ вақте расидааст, ки вазъи маориф, барномаҳои таълимӣ ва сифату натиҷаҳои таҳсилот дар мамлакат бознигарӣ шуда, мушкилот ва қазияҳои ҷойдошта дар самти таълим ҳаллу фаслгардад ва барномаҳои таълимии кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавриди омӯзиши илмиву дақиқ қарор бигард ва донишҷӯёну шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои пешрафтаи кишварҳои Осиёву Аврупо имрӯз таҳсил менмоянд баъд аз хатм ба кишвар даъват гарданд, то дониш ва зеҳни онҳо барои рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи Ватанамон истифода гардад.

Андамов Р.Ш. – декани факултети геологияи ДМТ.
Ниёзов О.Ҳ. муовини декан оид ба илм ваинноватсияи факултети геологияи ДМТ.