ДАРСИ ВАТАНДӮСТИ

133

Имрӯз (08.05.2024) дар факултет ба муносибати 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм дарси ватандӯси аз ҷониби иштирокчии ҷанги интернатсионалист дар ҶИ Афғонистон Муродзода Аброр Аҳрор бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар оғоз декани факултет, Андамов Р.Ш. вобаста ба тарбияи ватандӯсти шаҳрвандон ба сухан баромада қайд намуданд, ки ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои пойдор дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат буда, сарвати муҳимтарини маънавии шахсият, сатҳи баландтарини рушдро тавсиф менамояд ва худро дар татбиқи фаъоли худ ба манфиати Ватан нишон медиҳад.Устод Муродзода Аброр Аҳрор дар баромади худ иброз намуданд, ки имрӯз дар байни ҷавонони ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозӯи рустамонаи хеш ному шарафи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ё худ дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд. Бинобар ин аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ – дифоъ аз шарафу номуси Модар-Ватан камари ҳиммат банданд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем.

Возможно, это изображение 5 человек и текст
Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся, помост и текст
Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 5 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 15 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 12 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 15 человек, люди учатся и текст