ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

45

Санаи 16.04.2025 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Пойтахт” чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Шарофиддинов Суҳроб Саломович – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар чорабинии илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет, дотсент Андамиён Р.Ш. қайд намуданд, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.

Сипас, н.и.т., дотсент Шарофиддинов С.С. қайд намуд, ки таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо оинҳои деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардида, бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад.Дар охир гуфта шуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ аст, ки пайваста ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд