ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23

Санаи 22.11.2024 дар факултети геология бо ибтикори кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон” чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Абдуллоев Ҷамшед – дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал декани факултет Андамиён Раҷабалӣ Шамс меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта қайд намуданд, ки рӯйдодҳои муҳими таърихи навини миллати тоҷикро мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хола ҷашн гирифта мешаванд, ки инҳо мебошанд:- 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябри Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар чорабинии илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Баъдан мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника Холзода Бахтиёр қайд намуд, ки Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.

Аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Абдуллоев Ҷ. қайд карда шуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Моҳи сентябри соли 2011 бошад бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳии давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тӯли таърих ба даст овардаанд.

Возможно, это изображение 8 человек и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 11 человек и текст
Возможно, это изображение 13 человек
Возможно, это изображение 8 человек и текст
Возможно, это изображение 12 человек
Возможно, это изображение 12 человек