Санаи 23.11.2026 дар факултети геологияи ДМТ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон” чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Маҳмудзода Суханвар – н.и.т., дотсент муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърихи ДМТ иштирок ва суханронӣ намуд.
Сараввал муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет Ниёзов О.Ҳ. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки рӯйдодҳои муҳими таърихи навини миллати тоҷикро мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хола ҷашн гирифта мешаванд, ки инҳо мебошанд:6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон16-уми ноябри Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонДар чорабинии илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Маҳмудзода Суханвар қайд карда шуд ки ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Дар охир қайд карда, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буда ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намоянд. Ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.













