ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

38

Санаи 21.11.2025 дар факултети геологияи ДМТ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон” чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Абдуллоев Ҷамшед – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ иштирок ва суханронӣ намуд.

Сараввал декани факултет Холзода Б.К. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки рӯйдодҳои муҳими таърихи навини миллати тоҷикро мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хола ҷашн гирифта мешаванд, ки инҳо мебошанд:

6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-уми ноябри Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон

24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар чорабинии илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Абдуллоев Ҷ. қайд карда, ки Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Дар охир қайд карда, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буда ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намоянд. Ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.