Имрӯз (02.11.2023) дар факултет чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдулаҳадзода Собирҷон Абдулаҳад – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва Шарофиддинов Суҳроб Саломович – дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. оғоз бахшида меҳмононро барои ташриф оварданашон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.
Сипас Абдулаҳадзода С.А. ба сухан баромада иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Қонуни асосӣ ҳамчун доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ-ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварадааст, муфассал маълумот дод.
Дар идомаи чорабинӣ Шарофиддинов С.С. оид ба таърихи Конститутсия баромад намуда қайд намуд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) конститутсия қабул гардидааст. Агар чор конститутсияи аввал замони шӯравӣ ва аз ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул шуда бошанд, Конститутсияи охирон замони истиқлол ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода мекунад, ба таври васеъ маълумот пешниҳод намуд.