9 сентябри соли 1991 барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда аст. Зеро кишвари мо Истиқлолияти худро эълон карда, самти минбаъдаи рушди давлатдории миллиро бо роҳи демократӣ ва дунявӣ мувофиқ сохт.
Дар ҳақиқат барои ҳар шахси худогоҳу хештаншинос Истиқлолият мафҳуми муқаддас ва бузург мебошад. Маҳз тавассути Истиқлолият кишвари мо – Тоҷикистони азизро давлатҳои ҷаҳон шинохтанд ва эътироф намуданд. Даврони истиқлол ба мо имкон дод, ки кишвари мо рамзҳои давлатдории худ – парчам, нишон, суруди миллиро ташкил кунад. Бунёд шудани муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, роҳу пулҳо, нақбу сохтмонҳои гуногуни кишвар гувоҳӣ он аст, ки мардум ба ояндаи дурахшони худ боварии калон дошта, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардидаанд ва ҳар як гӯшаву канори ватанамонро рӯз аз рӯз ободу зебо карда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар маърӯзаву суханрониҳои худ Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, мардуми кишварро барои ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ мекунанд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар дар 30 соли Истиқлолият факултети геология низ рушду нумӯъ кард. Соҳаи мазкур дар кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро 93%-и кишвари моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар қаъри онҳо канданиҳои фоиданок зиёд мебошанд.
Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми миллиро дар амал тадбиқ менамояд, ки ин саноаткунонии босуръати кишвар мебошад. Ва дар ин замина истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок бешубҳа муҳим ва саривақтӣ аст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо саҳми назаррас мегузорад. Имрӯзҳо зиёда 60 номгӯи канданиҳои фоиданок аз қабили тиллову нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, намак, флюорит ва ғ. коркард карда шуда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд ва барои омӯхтан, ҷустуҷӯву иктишоф ва коркарди онҳо мутахассисони соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ лозим аст.
Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон куҳантарин боргоҳи илму маърифати кишвар мебошад, ки дар таълиму тарбия намудани мутахассисони ҷавони геология нақши асосӣ дорад. Дар ин боргоҳи илм имрӯзҳо 6 докторони илм, 22 номзад ва 18 муаллимони ҷавону кормандони техникӣ кору фаъолият мекунанд.
1 сентябри соли 2010 барои устодону кормандони факултети геология рӯзи фаромӯшношуданӣ буд. Зеро сохта ба истифода додани бинои алоҳидаи таълимӣ дар Шаҳраки донишҷӯён ба мо имкон дод, ки соҳиби аудиторияву лабораторияҳои замонавӣ шавем.
9 -уми декабри соли 2010 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат бо кормандони соҳаи геология баргузор гардид, ки он барои устодон ва кормандони факултети геология мулоқоти тақдирсоз буд. Зеро санаи 9-декабр ҳамчун «Рӯзи касбии геологҳои тоҷик» эълон гардид. Маҳз аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои харидори намудани таҷҳизоти илмию таълимӣ ба раёсати ДМТ дастур доданд. Хушбахтона, ин таҷҳизоту лабораторияҳои замонавӣ барои тайёр намудани мутаҳасисони соҳави мусоидат намуда истодаанд.
Соли 2015- бори нахуст бо ташабуси раёсати ДМТ ва садорати факултет шурои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо байнидавлатии Ҷумҳурии Қирғизистону Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар он то ба имрӯз 13 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, дар донишгоҳҳои олӣ ва ташкилоту корхонаҳои истеҳсолии соҳаи геология ва куҳкорӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Бо пешниҳоди садорати факултет дар назди факултети геология таърихи 30.04.2019 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-053 аз рӯйи ихтисосҳои 25.00.08- геологияи муҳандисӣ, пиряхшиносӣ ва гурунтшиносӣ ва 25.00.36 – геоэкология фаъолиятро оғоз намуда, то имрӯз 11-нафар унвонҷӯён аз донишгоҳҳои олии кишварамон рисолаҳои номзадии худро бомувафақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи унвони илмӣ гардидаанд.
Бо рушду нумӯъ ёфтани соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ дар кишвар дар даврони истиқлолият шароит фароҳам омад, ки дар факултети геология якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла 51010104 – геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ; 51010102 – усулҳои геофизикӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи ККФ; 51010110 – гидрология ва пиряхшиносӣ; 51020102 – коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ) ва 25010706 – иқтисод ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ) ба роҳ монда шуданд.
Дар даврони истиқлолият сатҳу сифати таълим ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ баробар карда шуда, шаклҳои таҳсили бакалавр, магистр ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) ҷорӣ карда шуд.
Чандин устодону профессорони факултет дар даврони истиқлолият соҳиби медал, ҷоизаҳо ва унвонҳои баланд гардидаанд. Соли 1996 барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои минералогия, кристаллография, геохимия, канданиҳои фоиданок ва тайёр кардани шогирдони унвони илмидор дар соҳаи геология А.Р.Файзиев узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ба ӯ, инчунин, унвонҳои баланди илмии дигар давлатҳо дода шудааст. Соли 2011 академики Академияи илмҳои табиатшиносии Европа, соли 2015 аъзои фахрии Ҷамъияти Умумироссиягии минералогҳо интихоб гардида, дорандаи ҷоизаи ба номи Готфрид Вилгелм фон Лейбнис ва «Ордени шараф»-и Академияи илмҳои табиатшиносии Европа мебошад. Соли 1998 Корманди шоиста ва соли 2001 Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидааст.
Олимони факултет якҷоя бо олимони дигар давлатҳо корҳои илмии худро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар соҳаҳои гуногуни геология давом дода, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, олимони факултет якҷоя бо ҳамкорони рус дар даврони истиқлол якчанд минералҳои навро ошкор намуданд: файзиевит, фалгарит, бадахшанит.
Ба шарафи олимони факултет, аз ҷумла профессорон А.Р.Файзиев ва А.Ҳ.Ҳасанов номгузорӣ шудани минералҳои нав – файзиевит ва ҳасановит шаҳодати он аст, ки олимони тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва илми онҳоро олимони соҳа қадр мекунанд. Инчунин, ба шарафи А.Р.Файзиев боқимондаи организм аз синфи конодонтҳо – Polignatus Faizievi номгузорӣ шудааст.
30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 30 соли қадамҳои устувор, 30 соли бунёдкориву ободонӣ, 30 соли ҷаҳду талошҳо барои пиёда кардани ҳадафҳои стратегӣ ва орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта кору фаъолият кунем, арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
Валиев Ш.Ф., декани факултети геология, д.и.г-м., профессор Ниёзов О.Ҳ.,
н.и.т., муовини декан оид ба илми факултет Алидодов Б.А., Фозилов Ҷ.Н., н.и.г-м., дотсентони кафедраи
минералогия ва петрография