КОНФЕРЕНСИЯ: МАСОИЛИ ГЕОЛОГИЯИ МУҲАНДИСӢ

489

Бахшида ба 80-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Академики академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилов Одина Комилович дар мавзӯи «Масоили геологияи муҳандисӣ, гидрогеология, гидрология ва коркарди конҳои кандании фоиданоки Тоҷикистон ва ҳудудҳои ҳамсарҳад»конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар пояи кафедраи гидрогеологеология ва геология муҳандисии факултети геология доир гардид.

Дар конференсия олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ иштирок доштаанд.

Конференсия бо сухани муқаддимавии муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфта, мавсуф мухтасар оид ба самтҳои асосии конференсияи мазкур суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки доктори илмҳои техникӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Академики академияи муҳандисии Тоҷикистон, дорандаи нишони сарисинагии «Ихтироъкори ИҶШС» Комилов Одина Комилович аз зумраи он устодонест, ки умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбия ва ба камол расонидани шогирдону фотеҳони илми кашшофӣ намудааст. 

Баъдан декани факултети геология, профессор Валиев Ш.Ф. суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки  Комилов Одина Комилович аз тоифаи он омӯзгоронеанд, ки дар дилу дидаи шогирдон ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо самимияти ба худ хос маскан гирифтаанд. Танҳо устод ва омӯзгори асилу воқеӣ ва ҷонфидои касби хеш, он қудрату тавононеро дорад, ки бо маърифату хиради созандааш ҷомеаро нурафшон намуда, дар қалби ҷӯяндагони илм шуълаи умедро равшан созад. Мусаллам аст, ки осоишу саодат, рушду такомул ва комёбии рӯзгори бардавоми наслҳо ба маънавиёту рисолат ва масъулияту заҳматҳои фаровони устоди роҳнамо сахт вобаста мебошад.

“Устоди хирадмард ва кашшофи асрори замин Комилов Одина Комилович маҳз бо меҳнати фидокорона дар рушду такомули механикаи хокҳо, асосҳо ва таҳкурсиҳо, азхудкунӣ ва обёрии хокҳои фурӯраванда, масъалаҳои соҳилбандӣ ва идораи маҷрои об саҳми арзандаю муносиб гузошта, бо ин васила соҳибмартаба ва обрӯманд гардидааст”- иброз дошт профессор Валиев Ш.Ф.

Сипас аз ҷониби олимону муҳаққиқон оид ба паҳлуҳо гуногуни мавзӯи нишаст маърӯзаҳо ироа шуданд.

М.Т. Ғайратов