Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби устодони факултет

515

   Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун даргоҳи бузурги илму маърифат дар омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаву ватандўст нақши муассир дорад. Боиси ифтихор ва фараҳбахшист, ки ҳайати устодони унвондор дар факултет дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад. Онҳо бо дарки масъулияти баланди касбӣ рисолаҳои илмии худро сарбаландона ҳимоя намуда, хазинаи илмии мамлакатро пурѓановат менамоянд. Аз ҷумла, санаи 22-уми апрели соли 2021 аспирантони факултет рисолаҳои намзадии худро дар Шурои диссертатсионии  6D. КОА-053  назди ДМТ,  Саидрахмонзода Саиджон Саидбурхон дар мавзўи  “Инженерно-геологическое обоснование поиска углеводородного сырья при проведении буровых работ в юго-западной части Ферганской впадины (на примере месторождения Махрам” ва  Гулов Забир дар мавзўи  “Разработка технологии строительство дренажа в зонах распространения карбонатных пород и просадочных грунтов (на примере Юго-Западного Таджикистана” бо муваффақият ҳимоя намуд.  Аз ин рў садорати факултети геология, устодону кормандон ва донишҷўёни ин даргоҳ Саидрахмонзода С.С. ва Гулов З-ро бо ин дастоварди бузургашон дар соҳаи илм самимона табрик намуда, ба эшон фатҳи қуллаҳои баланди илмиву эҷодиро таманно менамоянд.