ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ИФТИХОР, САРБАЛАНДӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ

34

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

 Қудрати озодаганро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,

Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Парчам танҳо як порча матои ранга нест, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, ормонҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони миллат аст. Вақте ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озоди кишвар парафшон мегардад, дар қалби ҳар як фарди ватандӯст эҳсоси муҳаббат, ифтихор ва садоқат ба Ватан бедор мешавад.

 Парчам давлати яке аз муққадастарин рамзҳои давлатдорӣ соҳибистиқлолӣ ва баёнгарӣ ҳуввияти  миллӣ таърих ва фарҳанги ҳар як халқ ба шумор меравад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24- уми ноябри соли 1992 дар Иҷлоссияи XVI- уми Шӯрои Олӣ  қабул гардид, ки  миллатро зери як ғояи ваҳдат ва худшиносӣ мутаҳид месозад.

Ин сана барои мардуми шарафманди тоҷик рӯзи ифтихор, эҳтиром ба  муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ мебошад.  имрӯз ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва ягонагии мардуми кишвар дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад.

Воқеан, таърихи миллати тоҷик бо мафҳуми парчам ва давлатдорӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Аҷдодони бузурги мо аз қадим барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, озодӣ ва истиқлоли сарзамини худ мубориза бурдаанд. Парчами Коваи оҳангар, ки дар таърихи пурифтихори мо бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» маъруф аст, намунаи барҷастаи мубориза барои адолат, озодӣ ва пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Ин мероси таърихӣ имрӯз низ дар қалби ҳар як тоҷик эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстиро тақвият мебахшад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ гардид. Парчами миллӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар, дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳо ва чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ парафшон аст. Он дар арсаи ҷаҳон муаррифгари миллати тоҷик, фарҳанги қадима ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Яке аз рамзҳои барҷастаи ифтихори миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон аст, ки дар шаҳри Душанбе дар баландии 165 метр қомат афрохтааст. Ин парчами бошукӯҳ муддатҳо ҳамчун яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон эътироф гардида, боиси ифтихори тамоми сокинони кишвар мебошад. Ҳангоми тамошои он инсон беихтиёр аз таърихи пурғановат, дастовардҳои замони истиқлол ва ояндаи умедбахши Тоҷикистони азиз ёд мекунад.

Парчами давлатии мо аз се рахи уфуқӣ – сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар як ранг ва рамзи он маънои амиқи таърихию фарҳангӣ дорад. Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ, истиқлол ва ҳифзи Ватан мебошад. Ранги сафед покӣ, сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат ва инчунин сафедии барфу кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Ранги сабз бошад, нишонаи табиати зебо, сарсабзӣ, шукуфоӣ, ҳаёт ва ободии кишвар аст. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии миллат буда, ҳафт ситораи дурахшон рамзи бахту саодат ва муқаддас будани рақами ҳафт дар фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор ба сӯи пешрафту созандагӣ ҳаракат дорад, эҳтиром ба Парчами давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Хусусан, ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ тарбия ёбанд. Зеро ояндаи давлату миллат дар дасти насли ҷавон аст. Ҷавонони худогоҳу ватандӯст бояд бо илму дониш, меҳнати софдилона ва рафтори шоиста дар ободии Ватан саҳм гузоранд ва номи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонбо парчами Тоҷикистон баланд бардоранд.

Мо бояд ҳамеша дарк намоем, ки эҳтироми Парчам танҳо дар рӯзҳои идона ва чорабиниҳои тантанавӣ зоҳир намегардад. Эҳтироми ҳақиқии он пеш аз ҳама дар дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми қонунҳо, ваҳдати миллӣ, меҳнати ҳалол ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа таҷассум меёбад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бо амалҳои нек, рафтори шоиста ва масъулияти шаҳрвандии худ метавонад ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорад.

Парчами миллӣ – рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва неруи созандаи миллати тоҷик аст. То замоне ки ин парчам дар фазои озоди Тоҷикистон парафшон аст, умеду орзуҳои неки мардум, садоқат ба Ватан ва иродаи устувори миллат низ ҷовидон хоҳанд монд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, сарзамини аҷдодии мо ободу сарсабз, осмони Ватани маҳбубамон софу беғубор ва зиндагии ҳар як сокини он пур аз шодиву нишот бошад!

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак,  ҳамватанони азиз!

Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,

Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.

Ранги испеди ту бошад бахти мо,

Ҳафт ахтар тоҷи нурафшони мо.

 Парчами мо, парчами иқболи мо.

арчами озодию истиқлоли мо!

Парчами мо, парчами пирӯзиҳо

Парчами фардои истиқлоли мо!

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!

Мирзомамадова Муниса – ассистенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи ДМТ