КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР

17

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳалаи нави сиёсиву ҳуқуқиро оғоз бахшид. Ташаккули давлати мустақили миллӣ тақозо менамуд, ки низоми ҳуқуқии кишвар дар асоси арзишҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, принсипҳои демократӣ ва манфиатҳои миллии ҷомеа аз нав ташаккул дода шавад. Дар ин раванд қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зарурати объективии таърихӣ ва сиёсии давлати соҳибистиқлол ба миён омад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он дар муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат, ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳамияти бунёдӣ пайдо намуд.

Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо заминаи ташаккули низоми нави давлатдориро гузошт, балки ҳадафҳои стратегии ҷомеаи Тоҷикистонро дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ муайян кард.Маҳз тавассути Конститутсия принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти давлат, шаклҳои амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ ва муносибати мутақобилаи шохаҳои ҳокимият муқаррар карда мешаванд.Мутобиқи моддаи 1-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Ҳар яке аз ин хусусиятҳо мазмун ва аҳамияти мустақили ҳуқуқию сиёсӣ дошта, дар маҷмӯъ моҳияти сохтори конститутсионии кишварро инъикос менамоянд.Соҳибихтиёрӣ ҳамчун яке аз унсурҳои асосии давлатдорӣ ифодагари мустақилияти давлат дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мебошад. Ин принсип ҳамчунин волоияти ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди кишвар ва мустақилияти онро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.

Дар баробари ин, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ, халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат заминаи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.Ҷанбаи дигари муҳими сохтори конститутсионии Тоҷикистонро хусусияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат ташкил медиҳад. Давлати дунявӣ барои фаъолияти озоди иттиҳодияҳои динӣ дар доираи қонун ва баробарии шаҳрвандон новобаста аз муносибати онҳо ба дин шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Хусусияти иҷтимоии давлат бошад, ба фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии арзанда, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, рушди маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон равона шудааст.Масъалаи ҷавонон низ дар низоми сиёсати давлатӣ ва рушди ҳуқуқии кишвар мавқеи муҳим дорад. Зеро ҷавонон ҳамчун неруи асосии иҷтимоӣ ва зеҳнии ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият нақши калидӣ мебозанд.

Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ, иштироки сиёсӣ ва рушди қобилиятҳои ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.Ҳамин тариқ, Конститутсияро метавон на танҳо ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии давлат, балки ифодагари иродаи сиёсӣ, арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муштараки давлат ва ҳар як шаҳрванди кишвар буда, омили муҳимми таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва таҳкими давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

НИЁЗОВ О.Ҳ., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ