ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТ

3

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои комёбиҳои назарраси меҳнатӣ, саҳми арзанда дар рушди маорифу илм ва таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба, дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника, н.и.г.м. Муродзода Аброр Аҳрор ва раиси Бюрои иттифоқи касабаи факултет Сайфуллозода Қумринисо Ғайбулло бо Ифтихорномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ сарфароз гардиданд.

Ин қадрдонӣ нишони эътирофи фаъолияти самаранок ва меҳнати содиқонаи онҳо дар рушди соҳаи маорифу илм ва фаъолияти иттифоқи касаба мебошад.Аҳли факултет устодонро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, саодат ва комёбиҳои минбаъда орзу менамояд.