РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

3

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи иқтисодиёти миллӣ, аз он ҷумла соҳаи геология ва омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, заминаи мустаҳкам ва устувор гузошт. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳти сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи геология марҳилаи сифатан навро паси сар намуда, ба яке аз сутунҳои асосии саноатикунонии кишвар табдил ёфт.Дар даврони Истиқлол пойдевори ҳуқуқии соҳаи геология комилан азнавсозӣ шуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва тасдиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология имкон дод, ки: Низоми иҷозатномадиҳӣ ва истифодаи конҳо шаффоф гардад.

Таваҷҷуҳи сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба соҳаи геология, хусусан корҳои куҳи ҷалб карда шавад ва инчунин фаъолияти геологӣ тибқи стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.Дар 35 соли охир геологҳои тоҷик ҳазорон тонна захираҳои нав ва даҳҳо кони канданиҳои фоиданоки гуногунро кашф ва ба қайд гирифтанд, ки ин иқтисодиёти кишварро ба пеш мебаранд: Аз ҷумла, захираҳои конҳои тилло, нуқра, мис, сурма ва руҳ (аз ҷумла дар минтақаҳои Зарафшон, Тоҷикистони марказӣ ва Помир) афзоиш ёфта, заминаи ашёи хоми корхонаҳои бузурги куҳкориро таъмин намуданд.Кашфи конҳои нави оҳаксанг, гаҷ, гил ва рег заминаи асосии бунёди заводҳои цементи муосир ва рушди бесобиқаи сохтмон дар кишвар гардид.

Корҳои геологӣ дар бахши коркарди ангишт суръат гирифта, захираҳои кони ангишти «Фон-Яғноб», «Зиддӣ» ва дигар конҳо дақиқ карда шуданд, ки ин ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатии кишвар кӯмаки калон расонд.Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаи геология дар даврони Истиқлолият – ин гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ мебошад:

1. Истифодаи харитасозии рақамӣ (GIS) ва аксҳои моҳворавӣ барои муайян кардани сохторҳои геологӣ;

2. Муҷаҳҳазгардонии лабораторияҳо бо таҷҳизоти муосири лазерӣ ва спектралӣ, ки дақиқии таҳлили минералҳо ва ҷинсҳои куҳиро баланд бардоштанд;

3. Таъсиси Фонди давлатии маълумот дар бораи сарватҳои зеризаминӣ дар шакли рақамӣ (электронӣ) мебошанд.Геология заминаи асосии ҳадафи тӯлонии чаҳоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» мебошад. Маҳз ба шарофати меҳнати ихтисосмандони соҳаи геология дар Тоҷикистон корхонаҳои азими муштараки кӯҳӣ-саноатӣ (ба монанди КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», Талко Голд, Корхонаи металлургии Зарнисор) фаъолият доранд, ки ҳазорон ҷойи кории нав таъсис дода, буҷети давлатро ғанӣ мегардонанд.

Рушди соҳаи геология дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки ин бахш аз як сохтори куҳна ба як заминаи тавонои илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионӣ табдил ёфтааст. Ганҷҳои зеризаминӣ ва рӯйи заминии кашфшуда ва заҳмати геологҳои муосир кафолат медиҳанд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда низ рушди устувори саноатӣ ва иқтисодии худро таъмин хоҳад кард.

ҒАРИБМАҲМАДОВА С.Н., – дотсент, мудири кафедраи геология ва иктишофи ККФ