ИҶРОИШИ НАҚША ЧОРАБИНИҲО

23

Санаи 05.06.2026 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои нақшачорабини доир ба Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 чорабини бо иштироки намояндаи соҳа, устодон ва донишҷён баргузор гардид.Сараввал декани факултет Холзода Б.К. ба сухан баромада қайд науд, ки Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027» ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, № 403 қабул карда шудааст.

Дар чорабини Воҳидзода Фирӯз – устоди кафедраи ҳуқуқи ҷинояти ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи: “Ҷиноятҳо доир ба савдои одамон” баромад намуд. Қайд карда шуд, ки одамрабои ва савдои одамон ҷинояти махсусан вазбин баҳисоб мераванд. Одамрабоӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва дорои хусусияти гуногун дошта нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Гарчанде қонунгузории миллӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва механизмҳои мубориза бо ин ҷиноят тақвият дода шудаанд. Пешгирии самаранок, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ, дастгирии институти ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтироми ҳуқуқи қурбониён ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии коҳиши ин ҷиноят баҳисоб меравад.Дар фарҷоми чорабини саволу ҷавобҳо сурат гирифт.