(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» 22.04.2026, Қазоқистон)
Минтақаи давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳое ба ҳисоб меравад, ки ин минтақа низоми ягонаи ҷоришавии об ва ташаккулёбии он ба таври табиӣ тақсим шудааст.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи калидиро соҳиб аст. Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки рӯзи 22.04.2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханрониашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “….Саммит дар шароите баргузор мегардад, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи мо ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбад. Бешубҳа, ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд. Тавре маълум аст, дар ҳудуди кишвари мо то 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ин нақши муҳимми низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд. Дар ин замина, обшавии босуръати пиряхҳо ва кам шудани захираҳои барф боиси нигаронии амиқ мегардад”.Воқеан ҳам дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорати ҳаво, зиёд гардидани равандҳои чангу ғубор, норасогии об, обшавии босуръати пиряхҳо мушкилотҳои нав ба навро барои тамоми аҳолии сайёра пеш оварда истодааст.Ҳамин аст, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба низоми экологии куҳӣ дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор барои минтақа шароити хуберо фароҳам овардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҳама мушкилиҳои ҳолати тағйирёбии иқлим метавонад давлатҳои поёнобиро бо оби тоза ва неруи барқӣ аз нигоҳи экологӣ босифатро пешниҳод намояд.Миёни дигар кишварҳои ҷаҳон ва кишварҳои аъзои комилҳуқуқи СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф оид ба масъалаҳои об шинохта шудааст.Ҳамаи ин ташаббусҳо ба сифати як платформаи васеъ барои баррасию муҳокима ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нав бештар таҳким бахшидан ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, (дигаргуншавии биологӣ), ҳамчунин ҳалли мушкилоти вобаста ба захираҳои об нигаронида шудааст.Миёни кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи партовҳои (қиёсии) дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 130-юмро ишғол менамояд. Ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонагӣ дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи кишвар дар минтақа камтар аз се фоизро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи таҳлилҳо маълум шуд, ки ҳамаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар ин шабу рӯз аз техникаю технологияи пешрафта ва муосир истифода бурда, эҳтиёҷоти худ ва мамлакаташонро аз ҷиҳати иқтисодӣ миёни дигар кишварҳо мустаҳкам менамоянд. Аммо аз таъсири фаъолияташон ба табиат ва муҳити атроф (муҳити экологӣ) зарари зиёд мерасонанд. Натиҷаи чунин фаъолият нишон медиҳад, ки ҳамасола дар сайёраи Замин миллионҳо гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мемонад ва ба шӯразор табдил меёбад, ки аз таъсирашон чун баҳри Арал ба биёбони қумдори шӯр табдил меёбад. Мисоли оддии гуфтаҳои боло ин истифодаи аз меъёр зиёд истифодабарии захираҳои обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар кишварҳои поёноб бо дарназардошти аз худ намудани майдонҳои нави кишт ва истифодаи зиёди обмонӣ баҳри Арал дар даҳсолаҳои охир даҳҳо маротиба аз майдони аслии худ хурд гардидааст.
Дар идомаи суханрониашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: “Имрӯз дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон масъалаҳои мусоидат ба гузариши иқлимӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушд баррасӣ мегарданд. Ба густариши манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ мебошад”.Дар шароити имрӯзаи гузариш ба технологияҳои муосир оид ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонагӣ бисёре аз кишварҳои ҷаҳон талаботҳои кишварашонро ба ин намуди манбаъҳои барқароршаванда ба роҳ монда ва гузаришро идома дода истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистқлоли зина ба зина дар асоси барнома, стратегия ва консепсияҳои махсус қабул гардида талаботҳои кишварро ба ин манбаъҳои барқароршавандаи табиӣ ба роҳ мондааст.Ёдрас шудани чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон дар ду даҳсолаи гузашта бевосита ба ҳалли масъалаҳои об, саҳмгузор буд ва дар масъалаи обу иқлим мавқеи намоёнро касб намудааст.
Ва айни замон чун кишвари калидии масъалаи обу иқлим дар маркази таваҷҷуҳи СММ қарор дорад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистонро бо дигар кишварҳо оид ба масъалаҳои марбут ба захираҳои об, гидроэнергетика, энергетика, содироти неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза, сохтани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузург, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳои сохтмонашон қатъшуда, марказҳои барқу гармидиҳии гуногуниқтидордошта, амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар паҳлуҳои самаранок барои беҳтар гардонидани таъминоти аҳолии кишвар ва минтақа кӯшишҳои зиёд карда истодааст. Мушкилотҳои замони муосир, махсусан тағйирёбии иқлим, ба минтақаҳои барфпӯш ва пиряхҳо таъсири калон расонида истодааст. Дар ҷараёни татбиқи ин ташаббусҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи арзишманде гирифт, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об дар оянда кумак хоҳад кард. Ҳамаи ин ташаббусҳо дар тавсеаи маърифати узви Созмони Милали Муттаҳид ва кишвар доир ба табиат ва нақши ҳаётбахши об дар сайёра саҳми арзишманд гузоштааст.Дар баробари ин, ташаббусҳои ҷаҳонӣ бо ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар идоракунии захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳое, ки ба беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ беҳдошт ва ҷорӣ намуданӣ технологияҳои наву замонавӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалии ҳамоҳангшуда, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, бениҳоят калон аст.Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин солҳо кӯшишҳои якҷояи худро барои густариши ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ, ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳамкорӣ ва муколама барои дарёфти ҳалли оқилона ва мутақобилан судманд дар идора ва нигоҳдории захираҳои маҳдуди оби тозаи ошомидании сайёра равона сохтааст.
Ҳамаи ин талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамояд, асоси мустаҳкаме гузоштааст. Хусусияти барномаи рушди устувор ин аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидааст.Чун ба саҳнаи муколамаи обу иқлим табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидан ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шудааст.
Дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои ин масъала пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби Пешвои миллат эълон карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон давлати пешоҳанг ва ташаббускор эътироф гардидааст, махсусан ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳа ба рӯзномаи обии СММ таҳти унвони «Раванди оби Душанбе» шинохта шудааст.Умедворем, ки бо ҷустуҷӯ намудани роҳҳои нав ва кам кардани газҳои партовӣ ба атмосфера, инчунин, бо тарзу усулҳои замонавӣ ба роҳ мондани истеҳсолот, сохтани силсиланеругоҳҳои хурду бузург то андозае метавонем дар паст кардани сатҳи тағйирёбии иқлим ҳиссагузор бошем.
Дар умум тағйирёбии иқлим раванди тезутунд шудани болоравии ҳарорати сайёра гардидааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар зарарро дар мисоли пиряҳҳо дида истодааст. Захираи оби таркиби пиряхҳо оҳиста-оҳиста об шуда, рӯ ба камшавӣ майл дорад. Барои намии минтақаро нигоҳ доштан ва таъмини гирдгардиши об дар табиат системаи силсила неругоҳҳои обию барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
Давлатзода Ф.С., мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ







