Ҷавонон ҳамчун як қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа дар пешрафти ҳар як давлат нақши калидӣ мебозанд. Дар илми ҷомеашиносӣ ва иқтисод, ҷавонон ҳамчун захираи стратегии инсонӣ арзёбӣ мешаванд, зеро маҳз ин қишр дорои нерӯи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иқтидори баланди навоварӣ мебошад.Онҳо метавонанд дар ташаккули арзишҳои нави пешбурди ислоҳот ва рушди устувори ҷомеа дар ҳама самтҳо саҳми назаррас гузоранд.Дар шароити муосир, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ соҳаҳо пеш рафта истодааст, нақши ҷавонон боз ҳам муҳиммтар арзёби мешавад.Ҷомеаи имрӯз ба мутахассисони ҷавони дорои донишҳои муосир, тафаккури созанда ва қобилияти баланди эҷодкорона ниёз дорад. Ҷавонон метавонанд бо истифода аз технологияҳои нав ва идеяҳои инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳм гузоранд. Сармоягузорӣ ба соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва тарбияи ҷавонон ба афзоиши истеҳсолот, рақобатпазирии иқтисод ва устувории иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳое, ки ба рушди ҷавонон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳанд, ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил мегарданд.Бо вуҷуди ин, барои он ки ҷавонон воқеан нерӯи созанда бошанд, фароҳам овардани шароити мусоид зарур аст. Ин шароит аз таълими босифат, дастрасӣ ба бозори меҳнат, имкониятҳои рушди шахсӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ахлоқи баланд, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад.Зеро танҳо ҷавонони дорои маърифати баланд метавонанд ба рушди устувори ҷомеа мусоидат намоянд.Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, сиёсати давлатии ҷавонон, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Қабули барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ, таъсиси марказҳои рушди ҷавонон, ҷудо намудани грантҳои таълимӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин иқдомҳо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди демократия ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ мусоидат мекунанд.Дар маҷмуъ, ҷавонон як қишри ояндасоз ба ҳисоб рафта барои ҳар як кишвар неруи созанда маҳсуб мешавад. Бо дастгирии ҳамаҷониба ва роҳнамоии дуруст, онҳо метавонанд пешбарандаи ислоҳот, навовариҳо ва рушди устувори ҷомеа гарданд. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа ин аст, ки ба ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварад, онҳоро илҳом бахшад ва имконият диҳад, то неру ва иқтидори худро барои пешрафти худ ва пешрафти шукуфоии Ватан истифода намоянд.
Ҷавобан ба хамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хонда, илмҳои замонавиро аз бар намуда саҳми арзандаи худро дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон мерасонем.
Мавлонзода Исомиддин- донишҷӯи курси дуюми ихтисосии 51010103-гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ.







