РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ПАРТАВИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

8

Рушди соҳаи геология барои истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти саноати кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон

Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 6.02.2018, таҳти рақами № 1005 ба тавсиб расидааст, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ ба шумор меравад, ки самтҳои асосии такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқиро муайян мекунад. Ин консепсия барои таъмини субот, рушди иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табии заминаи мусоид фароҳам меорад. Яке аз соҳаҳое, ки аз татбиқи ин сиёсат манфиати назаррас мегирад, соҳаи геология мебошад.

Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2018-2028) заминаи устувори ҳуқуқиро барои рушди соҳаи геология фароҳам оварда, ба навсозии қонунгузории недра, ҷалби сармоя ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Пеш аз ҳама, консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ба танзими муносибатҳои вобаста ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ равона шудааст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ, аз ҷумла тилло, нуқра, ангишт ва дигар конҳои канданиҳои фоиданок мебошад. Бо такмили қонунгузорӣ дар доираи ин консепсия, истифодаи оқилона ва шаффофи ин захираҳо таъмин мегардад, ки ин ба рушди соҳаи геология мусоидат мекунад.

Дуюм, консепсия ба ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти махсус медиҳад. Вақте ки муҳити ҳуқуқӣ устувор ва пешгӯишаванда аст, сармоягузорон бо боварӣ ба лоиҳаҳои геологӣ сармоя мегузоранд. Ин ба ворид шудани технологияҳои нав, таљрибаи байналмилалӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Сеюм, сиёсати ҳуқуқӣ ба ҳифзи муҳити зист диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар соҳаи геология, ки ба истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок вобаста аст, риояи меъёрҳои экологӣ хеле муҳим мебошад. Қонунгузории мукаммал имкон медиҳад, ки фаъолияти геологӣ бо ҳифзи табиат ва истифодаи устувори захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок мутобиқ карда шавад.Инчунин, консепсия ба рушди илми геология ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос замина мегузорад.

Бо дастгирии ҳуқуқӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ метавонанд таҳқиқоти муосир анҷом дода, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозорро омода намоянд.Хулоса, консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи геология аҳамияти бузург дорад. Он на танҳо заминаи ҳуқуқиро барои истифодаи самараноки захираҳои табии фароҳам меорад, балки ба рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешрафти илм мусоидат мекунад. Татбиқи муваффақонаи ин консепсия метавонад соҳаи геологияро ба яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ табдил диҳад

Маъсули татбиқи Стратегияи давлатии консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 дар факултети геологияи ДМТ – дотсент Ғарибмаҳмадова С.Н.