НАҚШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШҲОИ АМАЛИИ ҶАВОНОН

6

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлати дар самти геология низ рушди ҳамкориҳо зина ба зина ривоҷу равнақ ёфта истодааст.Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ қайд менамояд, геология яке аз соҳаҳои муҳими пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохти геологии худ диққати пажуҳишгаронро ба худ ҷалб кардааст.

Барои боз ҳам фарохт ар муаррифӣ намудани соҳаи геологияи тоҷик, коркарди конҳои нокушода ва аз худ намудани захираҳои бойи сарзамини кишвар рушди ҳамкориҳои босамари Тоҷикистон бо дигар кишварҳо нақши бо сазоро мебозад ва иштироки бевоситаи кормандон, мутахасисон ва устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ роҳи самаранок дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, ҷиҳати аз наздик шинос гардидан ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами минтақаи Аврупо, аз ҷумла, Конфедератсияи Швейтсария ва Шоҳигарии Нидерланд вобаста ба мониторинг ва идоракунии обҳои зеризаминӣ, истифодабарии техникаю технологияҳои муосир оид ба муайяннамоии ҳавзаҳои обҳои зеризаминӣ, ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба истифодабарии обҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо, густариши ҳамкориҳо миёни мутахассисони соҳаи об ва табодули таҷриба намояндагони ҷониби Тоҷискистон (муассиса ва корхонаҳои гуногуни ба соҳаи мазкур алоқаманд) даъват шудаанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки намояндагии Филиали Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ карда мешавад, амали карда мешавад.

Дар рафти сафар боздид ва вохӯриҳо бо як қатор корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои илмӣ ва илмӣ тадқиқотии соҳаи об аз қабили, Маркази оби Женева (Geneva Water Hub), Донишгоҳи Навшотел, Маркази гидрогеология ва геотермия, Раёсати таъминоти об ва рафъи обҳои партови Кантони Берн (вилояти Берн), Дафтари марказии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Институти Федералии илм ва технологияи обии Швейтсария (Eawag), Вазорати хоҷагии об ва инфрасохтори Шоҳигарии Нидерланд, Маркази байналмилалии арзёбии захираҳои обҳои зеризаминӣ (IGRAC) ва Институти захираҳои оби Делфт (IHE) ба анҷом расонида шуд.Зимни вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони мақомотҳои болозикр, рӯнамоҳо вобаста ба самти фаъолият, вазифа ва уҳдадориҳои онҳо ва инчунин таҷриба дар робита ба мусоидат дар ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба истифодабарии захираҳои обҳои зеризаминӣ пешниҳод гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки баъд аз боздид ва анҷоми сафар аз ҷониби Институти захираҳои оби Делфт (IHE), ки татбиқкунандагони лоиҳаи “Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд як адад таҷҳизоти муосири таҳлили обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим гардид, ки ин метавонад барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва савияи дониши донишҷӯён кӯмаки бевоситаи худро расонад.

Дар рафти сафар бо дарназардошти маълумот ва таҷрибаи гирифташуда, ба намояндагони Маркази байналмилалии арзёбии захираҳои обҳои зеризаминӣ ва Институти захираҳои оби Делфт, ҳамчун яке аз татбиқкунандагони лоиҳаи “Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон” таклифу пешниҳодҳо барои ворид намудан ба пешнавишти нақшаи кории лоиҳаи мазкур барои соли 2026 пешниҳод карда шуд, ки ин барои идомаи амалии лоиҳа дар Тоҷикистон кӯмак менамояд.

Дар соли 2026 дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва мулоқотҳои маҷозӣ бо намояндагони расмии ин ширкат як миқдор таҷҳизотҳо барои харидори намудани ширкат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба нақша ворид карда шудааст, ки марҳила ба марҳила ин асбобу таҷҳизотҳо харидорӣ ва ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим карда мешаванд.Дар маҷмуъ умед ба боварӣ аст, ки ин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани таҷриба ва савияи дониши устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети геология, алалхусус ихтисосҳои марбут ба кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ (гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва гидрогеология ва пиряхшиносӣ) дар самти омӯзиши шароитҳои гидрогеологӣ, гидрогеологии минтақа саҳми бесазо хоҳад гузошт.

Дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ Андамиён Р.Ш.