Санаи 06.03.2026 дар факултет бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Сароғоз декани факултет, дотсент Холзода Б.К. ҳозиринро ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ 8-уми март – “РӮЗИ МОДАР” аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳамаи бонувон ва донишҷӯдухтарони факултет, дар симои онҳо ба ҳамаи занони кишвари азизамон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Қайд намуд, ки эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.
Дар идомаи чорабинии идона дотсентон Фозилов Ҷ.Н., Давлатзода Ф.С. ва донишҷӯи факултет Ғафорзода Шаҳбоз ба сухан баромада ҳозиринро ба Рӯзи модар табрику таҳният намуданд.










