СУҲБАТҲОИ САМАРАНОК ВА САМИМӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ ДАР ХОБГОҲ

36

Санаи 04.02.2026 дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳ як гурӯҳ устодони факултет бо мақсади таҳкими робитаи мустақим бо донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи тарбияву масъулиятшиносӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту таҳсил, бо донишҷӯёни факултет вохӯри баргузор гардид.

Дар вохӯри устодони факултет дар масъалаҳои муҳими ҳаёти донишҷӯён, риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ, интизоми донишҷӯӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии солим ва фарҳанги зист дар муҳити донишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар идомаи вохӯри масъалаҳои муҳим доир ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии онҳо, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ сухан гуфта шуд.Минбаъд низ чунин вохӯриҳо идома меёбанд.