САНОАТИКУНОНӢ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ (дар партави Паёми Пешвои миллат)

10

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад, ки он давраи сифатан ҷадиди таърихи давлатдории миллиро фаро мегирад. Саноати муосири Тоҷикистон дорои заминаи муайяни истеҳсолӣ буда, бо таҷҳизоти техникӣ ва технологияҳои нисбатан пешрафта муҷаҳҳаз гашта, соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро дар бар мегирад.Дар солҳои охир дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, бахусус ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар, дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд.

Аз ҷумла, дар давраи солҳои 2009–2024 барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, зиёда аз 47 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки тақрибан 35 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро дар ин давра ташкил медиҳад.Ба андешаи мо, саноатикунонӣ танҳо як раванди истеҳсолӣ набуда, балки стратегияи фарогири инноватсионӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона шудааст.

Он ҳамчун омили асосии рушди устувор, ташаккули иқтисоди муосир ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хизмат менамояд.Бо дарназардошти ин, ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, на танҳо як барномаи соҳавӣ, балки фалсафаи рушди давлати муосир, рамзи худшиносии миллӣ ва таҷассумгари сиёсати созандагии Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Ин ташаббуси стратегӣ аз дарки амиқи он сарчашма мегирад, ки бе рушди саноат таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ғайриимкон аст. Дарвоқеъ, маҳз тавассути ин ҳадаф Тоҷикистон имкони воқеии расидан ба рушди устувор, таҳкими амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардумро пайдо намудааст.

Зеро саноат пояи истеҳсолоти ватанӣ, ташкили арзиши иловашуда ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодро таъмин мекунад.Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз пайваста ба зарурати ташкили пояҳои устувори саноатӣ таъкид менамоянд. Дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ як қатор қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки зина ба зина соҳаи саноатро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.

Аз ҷумла, “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025”, ки рушди 11 соҳаи афзалиятноки саноатро дар бар мегирад, нақши калидӣ дорад.Илова бар ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръати кишвар расман ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.

Ин сиёсати хирадмандона ба рушди иқтисоди “сабз”, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, коркарди оқилонаи захираҳои табиӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот равона шудааст. Дар натиҷа, Тоҷикистон тадриҷан аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию инноватсионӣ табдил меёбад, ки ин раванд пояи устувори истиқлолияти иқтисодӣ ва амнияти миллиро фароҳам меорад.Раванди саноатикунонӣ бо истифодаи васеи технологияҳои муосир дар соҳаҳои энергетика, металлургия, маъдан, мошинсозӣ ва нассоҷӣ алоқаманд буда, ташкили саноати аз лиҳози техникӣ ва технологӣ рушдёфтаро дар назар дорад. Ҳадафи асосии саноатикунонӣ таъмини рушди устувор ва босуръати саноат тавассути диверсификатсияи истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ мебошад.

Ҳарчанд дар солҳои охир суръати миёнаи рушди соҳаи саноат дар сатҳи беш аз 8,8 фоиз таъмин мегардад, аммо ин нишондиҳанда барои саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод ва тағйироти геополитикии минтақавӣ танҳо он кишварҳо муваффақ мегарданд, ки модели рушди устувори саноатиро татбиқ менамоянд. Барои Тоҷикистон, ки иқтисодаш дар тӯли даҳсолаҳо бештар ба соҳаи кишоварзӣ такя дошт, гузариш ба иқтисоди саноатӣ-инноватсионӣ як зарурати стратегии таърихӣ мебошад.

Боиси хушнудист, ки бо ибтикори Пешвои миллат солҳои охир даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноати сабук, маъдан, металлургия, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ дар тамоми қаламрави кишвар таъсис ёфтаанд. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки сармояи дохиливу хориҷӣ ҷалб гардида, технологияҳои муосир ба истеҳсол ворид шаванд.Зимнан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатро воситаи муҳими таъмини истиқлолияти иқтисодӣ арзёбӣ менамоянд.

Бо ҳамин мақсад, дар Паёми худ аз 21 декабри соли 2021 солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардида, самтҳои асосии рушди истеҳсолоти миллӣ, коркарди амиқи ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муайян карда шуданд. Ин тадбирҳо ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.Барои амалисозии сиёсати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол зиёда аз 2600 корхонаи саноатии самтҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Ин нуктаҳо дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, санаи 16 декабри соли 2025, таъкид гардиданд.Тибқи нишондиҳандаҳо, дар заминаи ин сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат соҳаҳои кимиё, энергетика, маъдан ва нассоҷӣ рушд ёфта, маҳсулоти ватанӣ на танҳо бозори дохилиро таъмин мекунад, балки ба хориҷи кишвар низ содир мегардад. Танҳо дар панҷ соли охир зиёда аз 2500 корхона ва коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуда, ҳазорҳо шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.Бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки имрӯз дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ нақши Пешвои миллат беназир мебошад.

Пешвои миллат бо муайян намудани самтҳои афзалиятнок, ҷалби захираҳои миллӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳо, инчунин муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, рушди устувор ва таҳкими амнияти миллиро таъмин менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки сиёсати ягона ва ҳамоҳанг метавонад ба дастовардҳои назаррас дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа оварда расонад.Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат дар рушди саноати кишвар нақши таърихӣ ва сарнавиштсоз дошта, заминаи рушди устувор ва инноватсионии ояндаи Тоҷикистонро фароҳам меоранд.

Ҳамин тавр, бо такя ба гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки саҳми Пешвои миллат дар таъмини ҳадафи чоруми миллӣ ифодаи сиёсати хирадмандона ва иродаи қавиест, ки Тоҷикистонро ба сӯи пешрафти воқеӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон раҳнамоӣ мекунад. Ин сиёсати стратегӣ дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буда, ба ташаккули иқтисодиёти устувор, рушди иқтидори истеҳсолӣ, такмили захираҳои инсонӣ ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Холзода Б.К. – декани факултети геологияи ДМТ