Соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад. Ин нуқта дар паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва намояндагон пайваста таъкид мегардад. Дар паёми навбатӣ низ соҳаи маориф ҳамчун омили калидии таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Пешвои миллат дар паёми худ иброз намуданд, ки бе рушди соҳаи маориф наметавонем ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ ноил гардидем. Маориф на танҳо воситаи донишандӯзӣ, балки мактаби тарбияи шаҳрвандони худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.Яке аз самтҳои муҳими зикршуда дар паём беҳтар гардонидани сифати таҳсилот мебошад. Президенти кишвар таъкид карданд, ки мутобиқ намудани мазмун ва муҳтавои таълим ба талаботи замони муосир, рушди тафаккури эҷодӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқу техникӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа ба шумор меравад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва технология, омода намудани мутахассисони баландихтисос аҳаммияти ҳаётан муҳим дорад. Ҳамзамон, дар паём ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Пешои миллат омӯзгоронро нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа номида, таъкид намуданд, ки дастгирии иҷтимоии онҳо, такмили ихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои баланд шудани сифати таълим омили муҳим мебошад. Зеро маҳз омӯзгор метавонад дар дили насли наврас ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашариро парвариш намояд.Дар Паём, инчунин, ба рушди инфрасохтори маориф, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди мактабҳои мавҷуда ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо технологияҳои муосир ишора гардид.
Ин тадбирҳо барои фароҳам овардани муҳити солими таълимӣ ва дастрасии баробари кӯдакон ба таҳсилоти босифат равона шудаанд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.Нақши маориф дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ низ дар паём равшан инъикос ёфт. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба қонун, ваҳдату якдилӣ ва муқовимат ба андешаҳои ифротӣ аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ гардид. Мактаб ва донишгоҳ бояд макони ташаккули фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта бошанд.
Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин самт имкон медиҳад, ки насли босавод, ватандӯст ва худогоҳ ба камол расад. Танҳо тавассути маориф рушд ёфта метавон сулҳу ваҳдати миллиро таҳким бахшида, Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи ободу пешрафта раҳнамоӣ кард.
Мудири кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геология ДМТ, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Фозилов Ҷ.Н.







