Санаи 15.11.2025 дар майдони варзишии Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мусобиқа оид ба бозии волебол байни ҳайати дастаҳои донишҷӯёни факултеҳои ДМТ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа аз дастаи факултет иштироки фаъол намуда дар байни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳои ДМТ сазовори ҷойи 2-юм гардида аз тарафи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда шуданд.Ба ин муносибат садорат устодон, кормандон ва дастаи бозингарони факултетро табрик менамояд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН баргузор гардид.













