ЧОРАБИНИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

13

Санаи 14.11.2025 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рузи Президент” ва “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич – доктори илмҳои таърих профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал декани факултет Холзода Б.К. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмонон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.Дар чорабинии илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Профессор Ғуломов Т.М. дар баромади худ қайд намуд, ки ин рӯйдодҳои муҳим, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар кишвари маҳбубамон ҷашн гирифта мешавад, натанҳо баёнгари эҳтироми амиқи миллат нисбат ба роҳбари хирадманди кишвар, инчунин таҷлили устувории сулҳу оромӣ, ваҳдат ва истиқлолияти комили кишвари моро нишон медиҳад. Ҳамаи мо албатта огаҳ аз онем, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон бо як руйдоди таърихии муҳим, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад, чаро ки дар ҳамин рӯзҳои таърихӣ дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ин Иҷлосияи тақдирсоз баргузор гардид ва дар он Роҳбаи раъиятпарвар, оқилу доно, ватандусти асили миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва ин шахси бузург дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Ҳамчунин дар идомаи чорабини маълумотҳо дар бораи таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад гуфта шуд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуруъ аз соли 2016 Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Албатта, санаи 16 ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президент ҷанбаҳои таърихии худро дорад. Тавре аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он ҷанг вазъи давлатро зери хатар қарор дод. Дар ҳамин раванди мураккаб 16 ноябри соли 1992 дар мамлакат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид, ки ин Иҷлосия дар таърихи миллат чун сана ва руйдоди сарнвиштсоз сабт гардидааст. Зеро, он сабаб ва омили барқарории ваҳдати миллӣ ва бақои давлати тозаистиқлол гардид. Инчунин дар шароити мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ 16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда ба фаъолияти корӣ шуруъ намуд. Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон ба хонандаи огоҳ ва дурандеш маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дорад.

Садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети геология ин ҷашнҳои мубораки таърихиро ба кулли мардуми шарифи кишвари азизамон самимона табрику таҳният мегӯяд!