Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои илму маориф, таҳқиқоту навоварӣ, афзоиши дастовардҳои илмӣ ва фановариҳо, татбиқи лоиҳа ва барномаҳои рушди илму технология, ҳамоҳангсозии илм ба истеҳсолот, татбиқи барномаи давлатии омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, амалии озмоишҳои илмии мустақим ва муштарак дар самти пиряхшиносӣ, кайҳоншиносӣ, кӯҳшиносӣ, зеҳни сунъӣ, экологӣ ва ғайра беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавд.
Санаи 10.11.2025 ҷаласаи ғайринавбатии Шурои олимони факултети геология бо иштироки аъзоёни Шуро ва котиби илмии Раёсати илми ДМТ Мирзохонов Диловар баргузор гардид.
Сипас, декани факултет Холзода Б.К. рӯзномаи ҷаласаро ба аъзоён шинос намуд ва баъдан аз ҷониби муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. натиҷагирӣ аз корҳои илмию таҳқиқотии устодони факултет дар соли 2025 ҳисобот дода шуд.Қайд карда шуд, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар факултети геология доир ба як самт, чор масоил ва чор мавзӯъ ба иҷро расонида шуд.
Дар факултет ҳамагӣ 31 корманди штатӣ фаъолият доранд, ки дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 32 нафар ширкат меварзанд, аз он ҷумла докторони илм, профессорон 6 нафар ва номзадони илм 17 нафарро ташкил менамоянд, микдори унвондорон 74%.Аз ҷониби устодони факултет, дар соли 2025 зиёда аз 100 корҳои илмию методӣ аз он ҷумла 3 китоби дарсӣ, 90 мақолаи илмӣ 7 фишурда ва инчунин баромадҳо дар конфронсҳои дараҷаҳои гуногун чоп карда шуда, ба табъ расонида шудааст.
Дар муҳокима котиби илмии Раёсати илми ДМТ Мирзохонов Диловар, профессор Саидов М.С. ва дотсентон Ғарибмаҳмадова С.Н. Фозилов Ҷ.Н. ва Қодиров А. баромад намуда ҳисоботи КИТ устодони факултет дар соли 2025 қаноатманд ҳисобиданд.















