СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ

7

Санаи (04.11.2025) дар факултет бахшида ба 31 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он Раҳмонов Меҳровар Амонидинович – дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ иштирок ва суханрони намуданд.

Сараввал муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет, дотсент Ниёзов О.Ҳ. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.Дар семинари илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти бадастомада зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид.

Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандуст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст.