ҲАМБАСТАГИИ КОҲИШЁБИИ МАЙДОНҲОИ ЯХИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА РАВАНДИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

76

(Бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо)

Барои пайдоиши майдони пиряхӣ омили асосӣ паст шудани ҳарорати ҳаво, ки дар миқёси он барф шакли асосии бориш ба ҳисоб мераваду дар тӯли тобистон об намешавад ва барф бояд ба миқдори зиёду тӯлонӣ резад, то ях аз барфи фишурдашуда ба амал ояд, зарурият доранд.Дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ масоҳати пиряхҳо зиёда аз 20 ҳазор километри мураббаъро ишғол намуда, захираи оби он наздики 13 ҳазор км3 ташкил медод. Пиряхҳо ҷамъкунандаи захираҳои бисёрсолаи боришот буда, дар шароити гармшавии иқлим, чун кафолати зиндагонии миллионҳо нафар одамон хизмат мекунанд.Масоҳати яхбандии кӯҳсори Осиёи Марказӣ тақрибан 17 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60%-и он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гаштааст.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 8492 пирях бо масоҳати умумии 8476 км2 пурра омӯхта шудааст. (Феҳристи пиряхҳои ИҶШС, 1969-1980). Захираи умумии ях дар пиряхҳо қариб 845 км3-ро ташкил медиҳад.Аз ин рӯ, агар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 1/10 ҳиссаи масоҳати тамоми Осиёи Марказиро фаро мегирад, дар ҳудуди он қариб аз се ду ҳиссаи оби кулли минтақа ташаккул меёбад. Захираи оби тоза дар пиряхҳо тақрибан 13 маротиба аз ҷараёни солонаи обҳои Тоҷикистон бештар аст.Пиряхҳое, ки дорои майдони зиёда аз 1 км2 мебошанд, танҳо 20%-и шумораи умумии ҳамаи пиряхҳоро ташкил медиҳанд, ки 85%-и ҳаҷми умумии яхҳо дар онҳо ҷамъ шудааст.

Тақсимоти ҷойгиршавии пиряхҳо дар худудҳои ҳавзаҳои алоҳида аз нишебиҳо вобаста аст. Нишебиҳои шимолӣ, ки миқдори камтарини нурафкании офтобро дороанд, барои рушд ва мавҷудияти пиряхҳо шароити беҳтарин доранд. Ҳамаи ин дар майдонҳои яхбаста мушоҳида карда мешаванд. Намудҳои морфологии (сохтории) пиряхҳо хеле гуногунанд аз релйеф, орография, иқлим ва омилҳои дигар вобастаанд.Майдонҳо ва пиряхҳои қадимтарин ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми аввали давраи чоруми геологӣ, яъне тақрибан 200 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадаанд, яхбандии Тупчак номида шудааст. Масоҳати майдони яхбандӣ дар ин давра 29,5 ҳазор км2-ро ишғол мекард, ки назар ба майдони ҳозираи яхбандӣ 3,5 маротиба зиёд буд. Хатти барф он замон нисбат ба ҳолати имрӯза 500 метр пасттар ҷойгир буд.

Майдони пиряхӣ дар Помири Шарқӣ махсусан хуб рушд карда буд, ки он нисбат ба майдони ҳозираи яхбандии Помири Шарқӣ 8 маротиба зиёд буд.Дар ин давра дар Помири Ғарбӣ пиряхҳои водигӣ дар шохобҳои дарёҳои Ванҷ, Язғулом, Бартанг ва Ғунд ҷойгир шудаанд. Дар баландиҳо пиряхҳои ин ҳавзаи дарёҳо бо майдони пиряхии Помири Шарқӣ якҷоя шуданд. Аммо, дар кӯҳҳои Ҳисору Олой пиряхҳо танҳо чанд минтақаро фаро гирифта буданд, дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Туркистон пиряхҳо қариб вуҷуд надоштанд ва пиряхҳо дар болооби дарёи Варзоб низ вуҷуд надоштаанд. Далели мавҷудияти ин пиряхҳо дар шакли моренаҳои қадимӣ ва пиряхҳо ҳифз шудаанд.Давраи дуюми яхбандӣ ба номи давраи яхбандии Лахш, ба нимаи дуввуми давраи миёнаи геологӣ рост меояд. Майдони ин яхбандиҳо 100 ҳазор сол пеш рух дода, тамоми қаламрави кӯҳии Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Масоҳати он 24,8 ҳазор км2-ро ташкил медод, ки ин ки нисбат ба майдони замони ҳозираи яхбандиҳо 2,9 маротиба зиёдтар буд. Дар ин давра дар муқоиса бо яхбандии давраи Тупчак, майдони пиряхии Помири Шарқӣ қариб ду баробар кам шудааст, аммо майдони пиряхҳои Помири Ғарбӣ афзоиш ёфтаанд ва майдони пиряхӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой ба вуҷуд омадаанд, ки нисбат ба майдони яхбандии ҳозира се маротиба зиёд будаанд.Пиряхи қадимии Федченко, ки Муқсу ном дошт, тамоми водии дарёи Муқсуро фаро гирифта, ба дараи Лахш расидааст ва бинобар ин ин давра давраи яхбандии Лахш номида шудааст.

Аз майдони яхбандиҳои давраи Лахш нисбат ба давраи яхбандии Тупчак изҳои зиёде, аз ҷумла, моренаҳои қадимӣ, суффаҳо, чашмаҳо, пиряхҳо, сангҳои ҳамвор ва ғайра боқӣ мондаанд.Дар охири давраи чаҳорум – давраи голотсен, ки тақрибан 12 ҳазор сол давом кард, ҳавои Тоҷикистон тадриҷан гарм мешуд. Иқлими хунуки тундра, вақте ки боришот 2-5 маротиба камтар буд ва ҳарорати миёнаи ҳаво аз 3-40С камтар буд, гарм ва нисбатан намнок ба амал омад. Аммо, дар баъзе ҳолатҳо гармшавӣ номунтазам буда, баъзан онро сардшавии муваққатӣ иваз мекард. Аммо, ин равандҳо аз нуқтаи назари геологӣ дар муддати на чандон зиёд, яъне дар муддати нисбатан кӯтоҳ идома ёфт. Ҳамин тавр, дар Аврупо давраҳои хунукшавӣ дар асрҳои VIII-X ва XV-XIX мушоҳида карда мешуд.

Мутаассифона, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ оид ба ин вазъ маълумоте мавҷуд нест. Аммо, азбаски тағйирот дар гардиши атмосфера тамоми сайёраро дар бар мегирад, тахмин кардан мумкин аст, ки пиряхҳои мо нобаробар рушд ёфтаанд. Дар охири асри XIX ҳарорати ҳаво нисбатан хунук буд, аммо нимаи аввали асри XX ҳарорат гарм шуда, таназзули пиряхҳо хеле шадид шуд. Дар солҳои 1960-1970 ҳарорати миёнаи ҳаво каме паст шуда, таназзул суст шуда, баъзе пиряхҳо ҳатто дар кӯҳҳои Алп Австрия ба афзоиш шуруъ карданд, аммо ин чандон тӯл накашид. Дар Тоҷикистон низ чанд пирях, аз ҷумла пиряхи Мушкетов дар ҳавзаи дарёи Муқсу, ҶГР (РГО) дар ҳавзаи дарёи Ванҷ ва чанде дигар муддате ба андозаи кам афзоиш карданд, аммо пиряхҳои боқимонда таназзул ёфта, дарозиашон кӯтоҳу сатҳашон паст шуд.Калонтарин яхбандиҳои пиряхҳои кишвар дар кӯҳҳои Помир ҷойгир шудааст, ки масоҳати умумии яхбастаи он ба 8041 м2 баробар аст. Шумораи умумии пиряхҳо дар Помир 1085 адад буда, теъдоди пиряхҳои дарозиашон аз 20 км зиёдтар ба 7 адад мерасад.

Ҷадвали 1. Фарқияти дарозии пиряхҳои нисбатан калонтарини Тоҷикистон дар давраи яхбандии Лахш ва замони муосирМасъалаи камшавии майдони яхбандӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти муҳимтарин аст. Суръат ва тамоилҳои тағйирёбии яхбандӣ дар давраҳои гуногун яксон нестанд. Истифодаи намунаҳои пешбинишудаи тағйироти иқлим барои пешгӯии тағйироти яхбандӣ натиҷаҳои ноустуворро нишон медиҳад. Аз рӯи маълумоти яке аз намунаҳо гармшавии иқлим ба камшавии захираҳои оби Тоҷикистон, вале аз рӯи арзёбиҳои дигар коҳиши яхбандӣ бо афзоиши боришот ҷуброн мешавад, ки дар натиҷаи он ҷараёни об ҳатто бештар мегарадад. Дар шароити Тоҷикистон низ ин тағйирёбии иқлим дар баробари фаъолияти имрӯзаи инсонӣ имконият намедиҳад, ки сол ба сол майдонҳои пиряхӣ афзалият пайдо кунанд.

Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз 100 солро дар бар мегирад. Соли 1870 якумин навиштаҷот оид ба пиряхҳо ва дар аввали қарни гузашта, яъне солҳои 1906-1914 аз ҷониби олимон Я.С. Эделштейн ва Н.Л. Корженевский оид ба тағйиротҳо дар ҳолати қисмати поёнии пиряхҳои қаторкӯҳи Пётри Як дода шуд. Қадамҳои муҳим дар инкишофи самти яхшиносии Тоҷикистон ин гузаронидани соли Байналмилалии геофизикӣ дар солҳои 1957-1958 буд. Дар ин давра якумин маротиба татқиқотҳои яхшиносию метерологии дарозмуддат на танҳо дар қисмати поёнии пиряхҳо, балки дар қисмати болоии пиряхҳо гузаронида шуданд. Баъд аз ин инвентаризатсияи пиряхҳое, ки дар ҳудуди Помир ташкил карданд, майдони бузургии яхбандии минтақаро муайян намуданд.Дар тӯли садсолаи охир ҳарорат ба таври ногаҳонӣ ба баланд шудан шуруъ кард. Дар 100 сол дар сайёра баландии гармшавӣ тақрибан ба 0,6-1,20С баробар шуд.

Дар нимкураи шимолӣ чунин давраи гарм, ба монанди аз соли 1983 то соли 2013 дар 1400 соли охир набуд. Олимон гармшавии муосирро дар сайёра бо тақвият ёфтани таъсири газҳои гармхонавӣ марбут медонанд.Таъсири газҳои гармхонавӣ раванде мебошад, ки дар он газҳо, чангу ғубор, дар таркиби атмосфера буғи оби вуҷуддошта гармии Заминро фурӯ мебарад ва ба инъикосшавии он аз сатҳи Замин монеа эҷод мекунанд. Вақте 200 сол пеш олимон таъсири мазкурро тавсиф намуданд, онҳо ба мусоидати атмосфераи замин бо гармхона барои парвариши сабзавот таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Бинобар ин, газҳое, ки гармии Заминро фурӯ мебаранд, газҳои гармхонавӣ номида шудаанд. Газҳои гармхонавие, ки дар таркиби атмосфера вуҷуд доранд: гази карбон, метан ва чанд гази дигар ва ҳамчунин буғи об. Онҳо нурафкании инфрасурхро бозмедоранд, ки аз сатҳи Замин хориҷ мешаванд.Олимон боз пешгӯйӣ кардаанд, ки бо истихроҷ ва сӯхтани ангишт, нафт ва газ инсон ба атмосфера миқдори зиёди CO2 ва CH4 партов карда, таъсири газҳои гармхонавиро тақвият медиҳад.

Дар миёнаи асри XX ин пешгӯйӣ тасдиқ шуд – консентратсияи газҳои мазкур дар саросари ҷаҳон зуд афзоиш ёфтааст.Газҳои гармхонавӣ – сабаби асосии тағйироти муосири иқлим мебошанд. Дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории инсон, пеш аз ҳама, сӯхтани сӯзишвории истихроҷшуда, рушди нақлиёти автомобилӣ ва буридани ҷангалҳо, консентратсияи чунин газҳои гармхонавӣ дар атмосфера, монанди гази карбон (CO2), метан (CH4) ва оксиди нитроген (N2O), ба дараҷаи баланди рекордӣ расидааст. Фарзия дар бораи он ки фаъолияти хоҷагидории инсон боиси тақвияти таъсири газҳои гармхонавӣ мешавад, бори аввал олими швед С. Аррениус ҳанӯз дар соли 1896 пешниҳод карда буд.Мавқеи географии Осиёи Марказӣ вабаста ба мавҷудияти иқлими хушк метавонад табиати ин кишварро нисбат ба ҳама гуна тағйирёбии иқлим ҳасос гардонад. Хусусан, ин муаммо дар раванди истифодаи захираҳои обӣ тезутунд мегардад. Ин муаммоҳо дар бисёр конфренсияю семинарҳо ва ҷамъомадҳои комиссияҳои байнидавлатӣ қайд гардидаанд. Баъзе коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳарорати ҳаво дар ин кишвар то соли 2050 то ба 30 С баланд мешавад.Ин тағйирёбии иқлим ба гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои обӣ, зиёдшавии миқдори ҳодисаҳои нохуши табиат сабаб шуда метавонад.

Дар навбати худ ин ҳодисаҳои дар боло нишондодашуда ба коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии ҷамъияти инсонӣ шуда метавонад. Асосан, норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, сарзании касалиҳои сироятии гуногун, камбағалӣ, ҳиҷрати экологӣ, мисоли ин ҳодисаҳоянд. Тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон сабаби афзоиши обшавии пиряхҳои ин минтақа мегардад. Дар натиҷа дар давраҳои аввал ин ҳодиса сабаби зиёдшавии ҷараёни обии дарёҳои кӯҳӣ мегардад.Гармшавии иқлим ба нестшавии баъзе пиряхҳо, пеш аз ҳама, пиряхҳои аз ҳама хурд оварда мерасонад. Мутахассисон ба ин ақидаанд, ки дар 60 соли охир дар қаторкӯҳҳои Помиру Олой зиёда аз 1000 пиряхҳои хурд нест шудаанд.

Ба андешаи мутахассисон, ин ҳодисаҳо дар оянда такроршаванда мебошанд. Дар натиҷаи фаъолшавии раванди обшавии барфҳои доимӣ ва пиряхҳо (агар ин ҳодиса тағйир наёбад), дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳо 74%, дар нишебиҳои шимолӣ 34% майдони онҳо кам мешавад.Агар тағйирёбии иқлим чунин идома ёбад, минтақаи Осиёи Марказиро хушксолиҳо, обхезиҳои даврагӣ, харобшавии олами наботот, чангбодҳо интизор аст. Ин ҳодисаҳо дар умум барои аҳолӣ ва фаъолияти меҳнатии он ҳодисаи хело ҳам нохуш ва хатарноку зарарнок мебошад.Тоҷикистон маркази асосии яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад ва пиряхҳое, ки дар қаламрави он қарор доранд, на танҳо анборҳои об, балки танзимкунандаи шоридани оби дарёҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон сарчашмаи асосии таъмини оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд. Ҳар сол обшавии захираҳои барфию яхӣ якчанд километри мукааб оби софу ширин медиҳад. Дар ноҳияҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ минтақаҳои калонтарини яхбандии муосир воқеанд. Пиряхҳо пас аз барфҳои мавсимӣ, ҷиҳати таъмини дарёҳо бо об сарчашмаи дуюм маҳсуб меёбанд.

Дар мавсими тобистон бошад, аз моҳи июл то моҳи сентябр, ҳангоми ҳосилбардорӣ, пиряхҳо сарчашмаи ягонаи таъмини дарёҳо бо об мебошанд. Онҳо захиракунандаи табиии оби ширин буда, аҳамияти онҳоро дар минтақа арзёбӣ намудан нақши муҳим дорад.Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфраструктураи нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Вале таъсири он ба захираи об аз ҳама бештар аст. Ин масъала хусусан дар Осиёи Марказӣ, ки бо об дар он на танҳо асоси рушди иҷтимоиву иктисодӣ балки омили муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, пуршиддат гардидааст. Дар навбати аввал коҳишёбии пиряхҳо ба афзоиши оби дарёҳои алоҳида, ки дар айни ҳол ба мушоҳида мерасад, мусоидат намуда, сипас ҳаҷми оби дарёҳо метавонад кам шавад. Бо назардошти аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии захираҳои об зарур аст, ки доир ба нигоҳ доштани пиряхҳо ва захираҳои барф дар минтақа, анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ, ташкили назорат аз болои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва огоҳкунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин равандҳо тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Аз рӯи пешгӯиҳои иқлимӣ дар давраи то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақа 1-20С баланд мешавад. Масоҳати умумии яхбандӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи мушоҳида, аз соли 1930 то андозае кам шуд. Аз рӯйи баҳодиҳии хадамоти обуҳавосанҷӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷараёни оби дарёҳо дар дурнамои дарозмуҳлат метавонад, то 5-15% кам гардад. Бо тағйир ёфтани иқлим масъалаҳои дар боло зикргардида бисёр муҳим мегарданд, зеро баланд шудани ҳарорат ба кам шудани ҳаҷму масоҳати пиряхҳо, тағйир ёфтани обнокии дарёҳо ва дар натиҷа ба бисёр сарф шудани об ва афзудани шумораи ҳодисаҳои табиӣ оварда мерасонад.Яке аз омилҳои асосии табиии тағйири ҷараёни об тағйири миқдори боришоти атмосферӣ ва яхбандии масоҳат мебошад. Ин, махсусан, ҳангоме ки ҳарорати ҳаво зиёд мешавад ва он ба ақибравии пиряхҳо боис мегардад, назаррас мебошад. Агар дар ибтидои давраи гармо оби дарёҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо зиёд шавад, пас минбаъд дар натиҷаи кам гаштани майдони яхбандӣ ва баланд шудани ҷойгоҳи яхистонҳо ҷараёни об метавонад хеле кам шавад. Ин аз натиҷаи тадқиқоти охирини иқлими Алп бармеояд. Чунин тағйирот метавонад дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳам ба вуҷуд ояд. Обанборҳо ва резиши об ба Баҳри Арал ба ин таъсир мерасонад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест гаштани 1000 пирях танҳо дар давоми 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда хатарҳову мушкилоти экологии шадид гиребонгир мешаванд. Об шудану барҳадар рафтани ин захираи азими обӣ дар ҳолест, ки минтақа бо камбуди шадиди оби ошомиданӣ рӯ ба рӯст.Чунин тағйироти иқлим боиси тақсим шудан ва тағйир ёфтани яхбандии Помир ва ҷараёни оби дарёҳои Осиёи Марказӣ метавонад гардад. Тағйири шароити иқлим дар Осиёи Марказӣ бо тағйироти глобалии иқлим алоқаи зич дорад. Гармшавии иқлим, махсусан, дар давраи зимистон метавонад дар қаламрави Тоҷикистон ба чунин оқибатҳо оварда расонад: а) захираҳои зимистонии барф кам мешаванд, майдони бисёрсолаи яхбандй коҳиш меёбад, яъне захираҳои об кам мегарданд; б) ҷараёни об аз захираҳои зимистонии барф кам мешавад; в) ҷараёни тобистонаи обҳои яхҳо дар ибтидо мумкин аст зиёд шавад, вале солҳои баъд кам мегардад; г) тақсимоти минтақаҳои баландӣ, хушгузаронии ҳаёти инсон ва мутобиқшавии он тағйир меёбад; д) тақсимоти минтақаҳои наботот дар шароити баландӣ, ҳамчунин минтақаҳои пайдоиши хок тағйир меёбад.

Ҳадафҳои Рушди Устувор рӯзномаи нави ҷаҳонӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 2015 то соли 2030 бояд ба онҳо ноил гардад. Ин ҳадафҳо пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкориҳою танзими муносибатҳо нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ мебахшанд, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил карда мешавад, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад.Ин иқдом метавонад ба ҳамкориҳои ҷиддии васеъ ва таҳия гардидани созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад.Мақсади пешниҳод кардани ташаббусҳои ҷаҳони Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти обу иқлим низ ҷалби таваҷҷуҳ ба Рушди Устувор ва идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳифзи табиат, амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳо, инчунин, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқгардонидашуда, ки ба захираҳои об вобастаанд, аз ҷумла дар самти рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад.

Тибқи ҳадафҳои рушди устувор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шаш вазифаи асосӣ гузошта шудааст, ки онҳо бояд амалӣ шаванд:

таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби ошомидании тоза ва бехатар;

таъмини аҳолии ҷаҳон бо шароитҳои мусоиди беҳдоштӣ;

баланд бардошти сифати оби ошомиданӣ;

баланд бардоштани сифати истифодабарии об дар ҳамаи соҳаҳо;таъмини идоракунии захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳо;

таъмини ҳифзу барқарорсозии системаҳои экологӣ вобаста ба об.

Боиси қайд аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамин тавр, тули зиёда аз ду даҳсола Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шуда, ҳоло ин иқдом давом ёфта истодааст. Дар ин муддат, дар ҳошияи ташаббусҳои номбурда, дар давлатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, саҳнаҳои муколамае ташкил шуданд, ки дар он масъалаҳои марбут ба об баррасӣ гардида, бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйирёбии иқлимро ҳамчун таҳдиди асосӣ ба захираҳои об арзёбӣ намуда, дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим (31-ум август – 4-уми сентябри соли 2009, Женева), сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген(7-18-уми декабри соли 2009 Дания) пешниҳод намуд, ки Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Барои мардуми шарафманди Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи кулли СММ, ки 14-уми декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлати аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи 21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардиданд. Ҳамчунин, дар ин замина пешниҳодҳои дар назди ин Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди байналмилалии махсус барои ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтанд.

Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои татбиқи он дар СММ қатъномаи махсус қабул гардид. То ин давра тибқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, дар асоси ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии обию иқлимии Тоҷикистон асосан, ба масъалаҳои норасоии об, санитария, ҳолати экосистемаҳо, партовобҳо ва зарурати таъмини идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ, табиӣ ва дарёҳо, хатарҳои марбут ба об, инчунин, ба ҳамбастагии ҳадафҳои гуногуни Рушди Устувор нигаронида шудаанд ва метавонад:

– барои ҷалби маблағҳо ҷиҳати идоракунии захираҳои об мусоидат намояд;

– ташаббусҳои нав ва мавҷударо, ки ба қабули уҳдадориҳои давлатҳо ва иҷрои онҳо равона гардидаанд, инчунин маблағгузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳоро бо роҳи тақвиятбахшии механизмҳои мавҷуда, дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ, баррасии усулҳои инноватсионии маблағгузориро дастгирӣ намояд;

– таҳкурсии устувор барои ҳалли минбаъдаи масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои об барои солҳои 2018-2028, инчунин таваҷҷуҳи муассисаҳои СММ ва ҷомеаи байналмилалиро барои иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор вобаста ба обро ба вуҷуд орад.

ШАРИФЗОДА ГУЛ ВАҲҲОБ – номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти
кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон