Дар доираи нақша чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети геология вохурӣ бо волидайни донишҷӯёни курсҳои як гузаронида шуд.
Декани факултет дотсент, Андамиён Р. волидайнонро барои ташрифашон ба боргоҳи илму маърифат изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки садорати факултет пайваста кӯшиш менамояд бо волидайни донишҷӯёни факултет чунин вохуриҳоро ба роҳ монда, аз рафтору кирдори донишҷӯён волидайни онҳо низ огоҳ бошанд.
Зимнан, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ дотсент, Саидов Ҳ. сухан намуда, иброз дошт, ки мақсади баргузории чунин вохӯриҳо барои боз ҳам боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзанд, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии факултет ва донишгоҳ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ кори муфиду самаранок мебошад.
Зикр карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ аз назар дур нест.
Дар охир чанд нафар аз волидайни донишҷӯён сухан намуда, иброз доштанд, ки баргузор намудани чунин вохуриҳо саривақтӣ буда, робитаи волидайн бо муассисаи таълимиро боз ҳам қавитар мегардонад.