Рӯзи (20.08.2024) дар Шурои якдафъаинаи муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ амал мекунад, ҳимояи бомуваффақонаи рисолаи доктории номзади илмхои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ Файзиев Фотеҳ Абдувакилович баргузор гардид.
Мавзуи рисолаи докторӣ «РУДНО-ФОРМАЦИОННЫЕ ТИПЫ, МИНЕРАЛОГИЯ, ЗАКОНОМЕРНОСТИ РАЗМЕЩЕНИЯ И ГЕНЕЗИС СЕРЕБРЯНЫХ И СЕРЕБРОСОДЕРЖАЩИХ МЕСТОРОЖДЕНИЙ СЕВЕРНОГО И ЦЕНТРАЛЬНОГО ТАДЖИКИСТАНА» буда, зери роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, узви вобастаи АМИТ, академики Академияи илмхои табиии Европа Файзиев А.Р. ба анҷом расидааст.
Дар кори мазкур Карабаев Маматхан Садирович – доктори илмҳои геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи илмҳои геологии Узбекистон, Кисин Александр Юрьевич – доктори илмҳои геология ва минералогия, ходими пешбари илмӣ, мудири кафедраи геохимия ва протсесхои минералпайдошавии Институти геология ва геохимияи Шуъбаи Уралии Академияи илмҳои Россия, Мирсаидов Улмас – доктори илмҳои химия, ходими пешбари илмии Агентии бехатарии химияви, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои, академики АМИТ мукарризони расми буда, Институти кӯҳи-металлургии Тоҷикистон муассисаи пешбар, корро таҳлил намуда, аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ баҳои баланд доданд. Инчунин ба кор 12 нафар мутахассисони сохаи геология, ки аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Росия, Узбекистон ва Точикистон мебошанд, диссертатсияи Ф.А. Файзиевро тахлилу барраси намуда, тақризи мусбат додаанд. Аз ҷумла, Литвиненко А.К. – доктори илмҳои геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи давлатии геологи-иктишофии Россия (МГРИ) ба номи Серго Орджоникидзе, Пальянова Г.А., Калинин Ю.А. – докторҳои илмҳои геология ва минералогия, мутахассисони пешбари Институти геология ва минералогияи ба номи В.С.Соболева шуъбаи Сибири Академияи илмҳои Россия, Чарыкова М.В., – доктори илмҳои геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Труфанов В.Н. – доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор ва Наставкин А.В. – номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент, мудири кафедраи канданиҳои фоиданоки Институти илмҳо оид ба Замини Университети Федералии Чанубии Федератсияи Россия, Мовланов Ж.Ж. – доктори илмҳои геология ва минералогия, директори Маркази технологияҳои геоинноватсионии Донишгоҳи илмҳои геологии Узбекистон, Корсаков А.В. – доктории илмҳои геология ва минералогия, мутахассиси пешбари Институти геология ва минералогияи ба номи В.С.Соболева шуъбаи Сибири Академияи илмҳои Россия, Бруснитсин А.И. – доктори илмҳои геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Корсаков А.В. – докторҳои илмҳои геология ва минералогия, мутахассисони пешбари Институти геология ва минералогияи ба номи В.С.Соболева шуъбаи Сибири Академияи илмҳои Россия, Минаев В.Е. – номзади илмҳои геология ва минералогия ва Фозилзода М.М. – номзади илмҳои геология ва минералогия, Сардори шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Хукумати Чумхурии Точикистон.
Аз ин, рӯ, садорат, устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет устоди гиромӣ Файзиев Ф.А.-ро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи докторӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ояндаашон бурдбори ва комёбиҳо орзуманданд.