ТАҚДИМИ ДИПЛОМИ АЪЛО БА 4 – НАФАР ХАТМКУНАНДАҲОИ ФАКУЛТЕТ

74

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин нукта рӯзи (13.08.2024) зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони Донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта шуд.Дар ин замина миёни зиёда аз 250 – нафар хатмкунандаи Донишгоҳ, 4 – нафар хатмкунандаҳои факултет соҳиби дипломи аъло (СУРХ) гаштанд: 1. Назирзода Роҳила – аз рӯи ихтисоси 51010104 – геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ;2. Эшова Умилайло – аз рӯи ихтисосҳои 51010102 – усулҳои геофизикӣ ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок; 3. Қориев Фаридун Ғиёсович – аз рӯи ихтисоси 51010100 – аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок;4. Назарзода Арастулло – аз рӯи ихтисоси 51010100 – аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок.Ба ин муносибат садорат, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет хатмкунандагонро табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъда, баҳри рушди соҳаи геология бурдбориҳои беназирро хоҳонанд.

Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 7 человек и текст
Возможно, это изображение текст
Возможно, это изображение текст
Возможно, это изображение 5 человек и текст