Рӯзи (16.05.2024) дар факултет оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 таҳти №407 дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи умӯмии СММ бахшида ба “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” семинари илмӣ баргузор гардид.Семинари мазкурро мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дотсент Давлатов Ф.С. оғоз намуда меҳмононро ба факултет хайрамақдам намуд. Дар семинар, ходимони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қаюмова Дилором, Саидзода Хатича, Боқизода Адлиниссо ва Норова Ноҳид иштирок ва суханрони намуданд.Мақсади баргузории семинари илмӣ баланд бардоштани завқи донишҷӯён дар самти омӯзиши пиряхҳо ва иштироки онҳо бо идеяҳои ҳифзкунандаи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Дар охир байни донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гириф.
Домой Ахбор