ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ДАР АМАЛ ТАДБИҚ МЕШАВАНД

146

Рӯзи (30.01.2024) дар факултет, мувофиқи шартномати дуҷониба байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. меҳмононро хайрамақдам гуфта амалишавии бандҳои шартномаи дуҷонибаро саривақти ҳисобиданд.

Семинари илмӣ бо иштирок устодони Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия Бухарова Оксана Владимировна – номзади илмҳои геология ва минерологияи кафедраи минералогия ва геохимияи факултети геологию-географи ва Бибко Артём Андреевич – ассиситенти кафедраи болозикр дар мавзуи «Современные актуальные проблемы геологии и минералогии» баромад намудаанд, дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар семинари илмӣ устодон ва донишҷӯёни факултети геология ДМТ фаъолона иштирок намуданд.

Дар анҷом саволҳо аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба меҳмонон дода шуда ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.